Низомиддин Зоҳидӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо Муҳаммад Таршаҳонӣ, сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Фаластин дар Тоҷикистон мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ, дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, саёҳат, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳошияи СММ, СҲИ ва созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ табодули назар карданд.

Зоҳидӣ ва Таршаҳонӣ дар ҳоле масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаластинро баррасӣ мекунанд, ки қаблан Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта буд, ҷонибдори эътироф шудани Фаластин аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.

Сироҷиддин Аслов моҳи марти соли равон дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия зимни суханрониаш аз талошҳои роҳбарияти Фаластин ва мардуми он барои ноилшавӣ ба эътирофи байналмилалӣ пуштибонӣ карда, ба азсаргирии музокироти сулҳҷӯёнаи тарафҳои низоъ дар ҷаҳорчӯби абзорҳои байналмилалӣ, ҷустуҷӯи ҳалли одилона ва устувори масъала даъват ба амал оварда буд.

http://tojnews.tj

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст