tughral 2016

Китоби донишманди тоҷик Нуралӣ Нурзод бо номи «Султони авранги сухан» бо унвони замимае ба «Девон»-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ аз чоп баромад.

Китоби мазкур аз 296 саҳифа дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд зери назари академики АУ ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Юсуфзод рӯи нашр омада он бо суханронии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтааст.

Муаллиф дар охири китоб чунин

мешуморад, ки гарчи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ умри кӯтоҳ дидааст, аммо ӯ тавонистааст, ки ба мисли суханварони дигар чандон муваффақ гардида истеъдоди қобили мулоҳизае аз худ ба намоиш гузорад. Дар идомаи сухани хеш Нуралӣ Нурзод чунин менигорад:

«Албатта таъкид бар кам будани шумораи ғазалиёти шоир такя бар он дорад, ки ин миқдори ҳаҷми куллии мероси адабии вай набуда, балки танҳо он чӣ ба мо маҳфуз мондаро фароҳам оварда, азамати ҳунарии суханварро рӯнамоӣ месозад. Ба ҳақиқат мероси маънавии муталлиқ ба қалами ин шоири соҳибназар ба маротиб аз он чӣ дар ихтиёри мост,афзунтар буда ва мутмаинем, ки бо гузашти фосилаҳо аз ин хазинаи номакшуф, хоса бо ишороти аҳли таҳқиқ ва соҳибназарон он "Девон”-и дуввуми фарогири сурудаҳои шоир дар давоми солҳои 1916-1919 – фосилаи баъд аз нашри нахуст девонаш то ба замони марги муфоҷиаи(дарднок ва мазлумонаи)ӯро будааст, фатҳ хоҳад шуд».

Соли сипаригашта дар Тоҷикистон бо ибтикори раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 150 солагии ин шоири номдори баландовоза таҷлил карда шуд.

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ аз шоирони забардасти тоҷик мебошад, дар деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст.

http://faraj.tj/

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст