Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот хабарҳо дар мавриди ситонидани андоз аз сокинони ришдору бонувони рӯсарипушро дар кишвар беасос хондааст.Ин ниҳод аз нашру паҳни ин гуна хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шадидан нигаронӣ карда, таъкид кардааст, “чунин иқдом ҳаргиз аз ҷониби Кумитаи дин сурат нагирифтааст”.
Ба қавли масъулини Кумитаи дин, хабари ҷорӣ шудани андоз ба афроди ришдору бонувони сатрпуш аз сӯи нафароне нашру паҳн гардида, ки гӯиё қасди эҷоди фитна ва сохтани фазои нобоварӣ миёни мардумро доранд: “Ашхоси носипосе дастовардҳои кишвари соҳибисттиқлоламон дар соҳаи динро нодида гирифта, бо дасисабозӣ ва ба таври қалбакӣ сохтани “иҷозатнома барои риш ва ҳиҷоб”, ки гӯё бо ситонидани андоз дар ҳаҷми 250 сомонӣ аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешудааст, мехоҳанд миёни мардум фазои нобовариро эҷод намуда, барангезиши фитна дар ҷомеаро ба миён оранд”. Дар ин изҳорот низ аз тамоми сокинони кишвар даъват шудааст, “дар ҳолати дучор омадан бо чунин ашхос ба Мақоми ваколатдор оид ба дин – Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд”.Ин изҳороти Кумитаи дин дар ҳолест, ки ахиран баъзе аз корбарони интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷорӣ шудани андоз барои мардони ришдору бонувони сатрпуш дар Тоҷикистон хабар дода, акси “шаҳодатнома”-еро низ гузоштаанд.
ozodagon.com