Оё шунидаӣ?
Илмомӯзӣ:
Луқмони Ҳаким ба фарзандаш фармуд: "Бо донишмандон ҳамнишинӣ кун, ҳамоно Худованд дилҳои мурдаро ба ҳикмат зинда мекунад, чунон ки заминро ба оби борон”.
Кури ҳақиқӣ:
Фақире ба дари хонаи бахиле омаду гуфт, ки шунидаам, ки ту миқдоре аз моли худро назри ниёзмандон кардаӣ ва ман дар ниҳояти фақрам, ба ман чизе бидеҳ. Бахил гуфт, ки ман назри куронро кардаам. Фақир ҷавоб дод, ман ҳам кури воқеӣ ҳастам, зеро агар бино мебудам аз дари хонаи Худованд ба дари хонаи касе мисли ту намеомадам.
Озодагӣ:
Ҳамсари марди озодае ба ӯ гуфт, ки намебинӣ, ки ёронат ба ҳангоми дороӣ дар канору паҳлӯи ту буданд ва инак ки ба сахтӣ афтодаӣ туро тарк кардаанд? Мард ҷавоб дод, ки ин ҳама аз бузургвории онҳост, ки ҳангоми тавоноӣ аз эҳсони мо баҳра мебурданд ва ҳоло ки нотавон шудаем, моро тарк кардаанд.
Ғайбат:
Ба бузурге гуфтанд, ки ҳеҷ надидам, ки аз касе ғайбат кунӣ. Ӯ гуфт, ки аз худ хушнуд нестам, то ба накӯҳиши дигарон бипардозам.
Суханчинӣ:
Марде ба олиме гуфт, ки фалон шахс дирӯз аз ту бадгӯӣ мекард. Олим ҷавоб дод, ки ту аз чизе сухан гуфтӣ, ки ӯ аз рӯбарӯ гуфтани он бо ман шарм дошт.
Ҷосусӣ:
Ҳакиме гуфтааст, ки он ки айбҳои пинҳонии мардумро ҷустуҷӯ кунад, дӯстиҳои қалбиро бар худ ҳаром мекунад.
Ғафлат:
Ба орифе гуфтанд, Эй Шайх дилҳои мо хуфтааст, ки сухани ту дар он асаре намекунад, мо чи кор кунем? Шайх посух гуфт, ки эй кош хуфта будӣ, ки ҳар гоҳ хуфтаро биҷунбонӣ бедор мешавад. Ҳоло он ки дилҳои шумо мурдааст, ки ҳар чанд биҷунбонӣ бедор намешавад.
nahzat.tj
Оё шунидаӣ?
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 3169