Лағжиши як теппа  дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод бештар аз даҳ нафарро ба ҳалокат расонд.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ин ҳодиса баъди зуҳри  ҷумъа, 3-уми апрел соати 13-10 дақиқа рух додааст ва то ин лаҳзаҳо исми 10 тан аз афроде, ки зери хок монда буданд, расонаӣ шуд.
То ин замон  сабабҳои лағжиши теппа эълон нашудааст.  
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба Тojnews гуфт, ки айни ҳол ситод бо роҳбарии Рустам Шоев, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар ҷои ҳодиса корҳои ҷустуҷӯиро давом дода истодааст. Аз 10 нафари зери хок монда то ҳол ҷасади 2   ду нафари онҳо аз зери хок берун кашиданд.  
Исми касоне, ки ҷасади онҳо ҳамоно зери ярч аст:
Алимардонов Шодмон, соли тавалудаш 1990
Умаров Маҳмад, соли тавалудаш 198
Одинаев Худойбердӣ, соли таваллудаш 1963
Абдуллоев Исломиддин, соли тавалудаш 1989
Ҷалилов Саид, соли тавалудаш 1997
Кабиров Далер, соли тавалудаш 1998
Нуров Фахриддин, соли тавалудаш 1986
Толибов Мақсуд, соли тавалудаш 1996
Қурбонов Наим, соли тавалудаш 1979
Шодиев Мақсад, соли тавалудаш 1986
Дар ҳамин ҳол дар пайи боронҳои шадиди рӯзҳои охир аз баланд шудани сатҳи оби   рӯдхонаҳои Тебалай, Яхсу ва Сурхоб дар минтақаи Кӯлоб хабар дода мешавад. Шаби 2-уми апрел сел пулеро дар ҷамоати деҳоти Даҳана вайрон ва ба заминҳои кишт хисорат ворид кардааст. Ҳаҷми зарари расида ҳисоб нашудааст.
Хадамоти наҷот мегӯянд дар минтақаи Кӯлоб 53 русторо хатари ярч ва сел таҳдид мекунад.  
tojnews.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст