Ҳамасола санаи 1-уми апрелро дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон чун «Рӯзи ханда» ҷашн мегиранд. Дар кишвари мо низ бахшида ба ин рӯз ҳунармандон барномаҳои ҳаҷвию сурудҳои тозаи худро пешкаши мардум мекунанд.
Дуруст аст, ки 1-уми апрел "рӯзи ханда” аст, аммо аз чӣ бошад, ки ин рӯзро мардум ҳамчун "рӯзи дурӯғгӯён” қабул карданду кӯшиш мекунанд, ки нафареро дурӯғ гуфта, фиреб кунанд. Агар дар ин рӯз гапи ростро ҳам гӯем, моро таъкидан мегӯянд, ки "ин шӯхии 1-уми апрел аст?”. Чун зиёда аз 90 фисади мардуми Тоҷикистон мусалмон ҳастанд ва баъзе аз онҳо шӯхиомез нафареро дурӯғ мегӯянд, албатта, ки мо медонем дурӯғ гуфтан ва ё фиреб додан дуруст нест, пас суоле ба миён меояд, ки оё дурӯғ гуфтан ба тарзи шӯхӣ аз нигоҳи Ислом дурӯст аст?
Дар ҳамин ҳол Зубайдуллоҳи Розиқ, масъули бахши кор бо уламои ҲНИТ мегӯяд, дурӯғ гуфтан дар Ислом ҳаром аст ва ин як навъ одати манфӣ дар миёни мардум паҳншуда аст, ки аз фарҳанги милливу исломии мо нест. "Ба ҳар навъе, ки набошад дар Ислом дурӯғ гуфтан ҳаром аст, аммо як навъ зарофатҳо дар ҳолатҳои шӯхӣ кардан агар асл дошта бошанд , яъне шӯхиҳое, ки асл дошта бошанду ба обрӯи касе халал ворид насозад ва ё ягон нафар наранҷад, ҷоиз аст”.
Ба гуфтаи ӯ зарофатгӯйи дар Ислом ҷоиз аст, аммо дурӯғҳои подарҳаво, ки бо баҳонаи рӯзи 1-уми апрел гуфта мешавад дар Ислом дуруст нест. "Ба назди Паёмбари Худо (с) як пиразане омад ва гуфт, ки оё пирон ба ҷаннат медароянд, Паёмбар (с) гуфтанд не. Аз ин посух пиразан ранҷида, ба назди писараш рафт ва гиристу ҳодисаро нақл кард. Пас аз ин писари пиразан назди Паёмбар (с) омаду пурсон шуд, Паёмбар (с) иброз дошт, ки дар ҷаннат ҳама ҷавон медароянд. Яъне дар кадом синну соле фавт накунем, дар ҷаннат ҷавон ворид мешавем.
Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ иброз медорад, ки "дурӯғ ва ё фиреб кардани касе ин фарҳанги мо нест ва дар худ ягон чизи хубе надорад, ки қабулаш кунем. Аз ин рӯ ҳаром аст мардумро дурӯғ гуфтану фиреб додан. Як нафарро дар ҳолати ногувор қарор додан дуруст нест”.
Вале кам нестанд нафароне, ки ҳарчанд медонанд, дар ин рӯз бисёриҳо дурӯғ мегӯянд, аммо боз барои дилхушӣ ин рӯзро чун ҷашн қабул доранд.
nahzat.tj

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст