Ба навиштаи сойти Озодагон, тавре аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба гуфтанд, ҳавопаймои ҳоҷиён соати 5-и субҳ ба замин нишаст. Дар ҳамин ҳол, Афшини Муқим, сухангӯи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон гуфт, қарор аст, имрӯз як ҳавопаймои дигар аз Ҷидда ба Душанбе парвоз кунад.

Ба гуфтаи номбурда, ҳоло зоироне, ки аз самти Душанбе ва Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара парвоз анҷом дода буданд, ба Ватан бармегарданд ва ҳоҷиёне, ки аз Душанбе ба Ҷидда сафарбар карда буданд, чанд рӯзи дигар аз Мадина мунаввара боздид намуда, баъдан ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.

“Ҳоло баъди адои фаризаи ҳаҷ дар назар аст, беш аз чор ҳазор зоири Тоҷикистон аз Макка ба Мадина интиқол дода шавад. То ҳол тақрибан ду ҳазор нафари онҳо ба Мадинаи мунаввара сафарбар гардидаанд, ки барои иқомати эшон дар Мадина ҳамаи шароити лозима фароҳам оварда шудааст”,-афзуд ӯ.

Ҷаноби Муқим мегӯяд, меҳмонхонаҳои ҳоҷиёни Тоҷикистон дар наздикии масҷиди набавӣ қарор дорад ва ҳоҷиён имкон доранд, панҷ вақт намози худро дар ин масҷид адо намоянд: “Инчунин, барои зиёрати ҷойҳои муқаддас автобусҳои махсус ташкил шудааст ва зоирон имкон доранд, маконҳои муқаддаси Мадинаро аз наздик бубинанд”.

Ба иттилои Кумитаи дин, имсол беш аз 6 ҳазор сокини Тоҷикистон барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст