Баъди анҷоми мулоқоти Эмомалӣ Раҳмону Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурони Тоҷикистону Эрон 9 санади ҳамкорӣ имзо шудааст.

АЗ “ТАҲКИМИ АМНИЯТ” ТО “ҲАМКОРӢ ДАР БАХШИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТ”

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният, Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар пешгирӣ ва муқовимат ба истеҳсол, муомилоти ғайриқонунӣ ва истеъмоли воситаҳои нашадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз санадҳои имзошудаанд.

ФАЪОЛСОЗИИ ЧАРХАИ ДУЮМИ НБО “САНГТУДА-2”

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Руҳонӣ бо пахш кардани тугма, чархаи дуюми неругоҳи барқӣ-обии “Сангтуда-2”-ро ба кор дароварданд. Гуфта шуд, пурра ба кор даромадани неругоҳи “Сангтуда-2” имкон медиҳад, “тавлиди солонаи неруи барқ ба ҳисоби миёна то 500 миллион киловатт-соат афзуда, ҳаҷми камбуди барқ дар мавсими сармо то ба андозаи 15 дар сад кам шавад”. Ҳасани Руҳонӣ зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, “ба анҷом расидани сохтмони нерӯгоҳи “Сангтуда-2” на анҷоми кор, балки оғози ҳамкории густардаи иқтисодии Эрону Тоҷикистон, ба хусус дар бахши энерҷӣ мебошад”.

Неругоҳи “Сангтӯда-2” бо иқтидори 220 мегаватт аз ду агрегат иборат буда, бо 40 миллион доллари Тоҷикистон ва 180 миллион доллари Эрон сохта мешавад. Агрегати аввали он 5 сентябри соли 2011 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ба истифода дода шуд. Қаблан, хабарҳое буданд, ки расми баҳрабардорӣ аз чархаи дуюми неругоҳи мазкур бо иштироки раиси ҷумҳурони ду кишвар- Ҳасани Руҳонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон сурат мепазирад, аммо Вафо Ниятбеков, муовини сардори Раёсати иттилот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, раиси ҷумҳури Эрон маросими ба истифода додани чархаи дуюми “Сангтуда”-ро дар Душанбе истода, тавассути пахши мустақими телевизионӣ тамошо менамояд. Бар асоси қарордоди дуҷониба неругоҳи мазкур баъди 12,5 соли истифода комилан ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад.

ПЕШНИҲОДИ РАҲМОН БА ШАРИКОНИ ЭРОНӢ

Дафтари матбуотии раисиҷумуҳр иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ба шарикони эронӣ пешниҳод намудааст, нисбат ба масъалаи рафъи монеаҳои техникӣ дар роҳи пешбурди тиҷорати дуҷониба ва такмили сохтори он, якҷоя бо онҳо, тадбирҷӯӣ намоянд. Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки то имрӯз миёни Тоҷикистону Эрон беш аз 100 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки ҳоло мавзӯи иҷрои муассири онҳо масъалаи хеле муҳим ва пураҳаммият шудааст: “ Эрон ба татбиқи амалии лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва бунёд кардани неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон, ки ба рушди минтақа низ таъсири мусбат доранд, мусоидат намуда, дар арсаҳои афзалиятнок таъсиси корхонаҳои истеҳсолии муштаракро дар Тоҷикистон, ташвиқу пуштибонӣ менамояд”. Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки дар суҳбат ба Ҳасани Рӯҳонӣ рушди ҳамкорӣ миёни утоқҳои бозаргонӣ ва саноатӣ, мақомоти марбутаи соҳибкории ҳар ду кишвар муҳим ва зарур аст.

МАСЪАЛАИ АФҒОНИСТОН ҲАМ ДАР МИЁН БУД

Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз дошт, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоваранд, то ба раванди бозсозӣ ва рушди иқтисодиёти Афғонистон фаъолона мадад намоянд. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар ҷараёни музокирот таъкид гардидааст, ки равобити иқтисодӣ пойдевори ҳамкории гуногунҷанбаи дуҷониба буда, тасвиби як Барномаи мукаммали дарозмуҳлати ҳамкорӣ, ба онҳо хислати муназзам бахшида метавонист.

Ҳасани Руҳонӣ, ки баъди дар курсии раиси ҷумҳури Эрон нишастанаш аввалин маротиба ба Тоҷикистон меояд, дар ҳамоиши сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ иштирок хоҳад кард. Эрон дар ин созмон мақоми нозирро дорад. Раиси ҷумҳури Эрон 10 сентябр вориди Душанбе шуд, дар ҳоле, ки қаблан гуфта мешуд, бегоҳи 9 сентябр ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Эрон моҳи январи соли 1992 роҳандозӣ шуда, ҷумҳурии исломӣ нахустин кишварест, ки сафорати худро дар шаҳри Душанбе боз кард. То имрӯз, миёни Душанбеву Теҳрон наздики 150 санади байнидавлатӣ ба имзо расидааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи июли соли 1995 бо сафари расмӣ ба Эрон рафт ва моҳи майи соли 1997 Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон омад.

Ба омори расмӣ соли 2013 гардиши мол миёни Тоҷикистону Эрон 292, 288 миллион долларро ташкил додааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 180 корхонаи эронӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сохтмони роҳ, кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи сохтмонӣ фаъолият мекунад.

Моҳи марти соли 2011 бори нахуст дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд Рӯзҳои фарҳангии Эрон баргузор шуд.

Озодагон


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст