Имрӯз вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон меоянд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазирони хориҷии кишварҳои ин созмон барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ 30-юми июл вориди Душанбе хоҳанд шуд.
Ба навиштаи сойти tojnews, дар давоми сафар, субҳи 31-уми июл бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон мулоқот намуда, дар ҷаласаи Шӯро ширкат хоҳанд кард.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин сафар дипломати баландпояи рус бо Президенти Тоҷикистон ва ҳамтои тоҷикистониаш мулоқот хоҳад кард. Инчунин, дар назар аст, ки бо дипломатҳои ҷавони тоҷик дидор намояд.
Инчунин, Ван И, вазири хориҷии Чин низ бо сафари расмӣ меояд, ки баъд аз ҷаласа бо Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷа мулоқот мекунад. Имзои як якчанд санадҳо дар сафари вазири хориҷии Чин дар барнома ворид шудааст.
Садои Хуросон