Аз рӯзи 1-уми июл дар Тоҷикистон имтиҳоноти дохилшавӣ тавассути низоми нави марказонидашудаи тестӣ дар 33 маркази имтиҳонӣ оғоз гардида, то 12 июл идома хоҳанд кард.

Тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ дар рӯзи аввал 9 ҳазору 526 довталаб аз фанҳои забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ имтиҳон месупоранд.

Бино ба маълумоти манбаъ дар соли равон теъдоди умумии иштирокдорони сабтиномшуда 52 406 нафарро ташкил медиҳад: “Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар 11 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар 39 маркази имтиҳонӣ баргузор мегарданд. Тибқи низоми муқарраргардидаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ имтиҳонҳои тестӣ дар ду давр - имтиҳони умумӣ (қисми А) ва имтиҳони ихтисос (қисми Б) гузаронида мешавад”.

Натиҷаҳои имтиҳонҳои тестӣ тавассути низоми балҳо арзёбӣ гардида, натиҷаи имконпазири ҳадди аксар 500 балл мебошад.

Барои довталабоне, ки ба ихтисосҳои санъат, дизайн, меъморӣ, динӣ (исломӣ) ва варзиш ҳуҷҷат супоридаанд, дар баробари имтиҳонҳои тестии қисмҳои А ва Б имтиҳони эҷодӣ ва маҳорат низ пешбинӣ шудааст.

Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат пас аз гузаштани имтиҳонҳои тестии қисмҳои А ва Б вобаста ба гурӯҳи ихтисос (кластер)-ҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии дахлдор аз 10 то 19 июл гузаронида мешавад.

Тибқи иттилои маркази миллӣ, эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо тибқи нақша 1 август пешбинӣ гардидааст.

Озодагон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст