Рӯзи 14 июн соати 08:59 дар пойтахти Тоҷикистон ва навоҳии дигари кишвар заминларза ба вуқӯъ пайваст.
Бинобар маълумоти Маркази геофизики назди Академияи улуми Тоҷикистон нерӯи заминларза аз рӯи ҷадвали Рихтер 4 балл будааст. Анастасия Кутузова, масъули Маркази геофизики назди Академияи улуми Тоҷикистон рӯзи 14-уми июн дар суҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, маркази заминларза дар 256 километрии шарқу ҷануби шаҳри Душанбе дар қаламрави Афғонистон аст.
Ба гуфтаи хонум Кутузова, нерӯи заминларза дар маркази он 5 балл буда, нерӯи он дар шаҳри Душанбе 4 дараҷаро ташкил додааст. Ба таъкиди хонуми Кутузова, қувваи заминларза дар Хоруғ 2 дараҷа ва дар навоҳии вилояти Суғд 3-4 ташкил додааст. Ба гуфтаи ӯ, заминларзаи то чор бали ҷадвали Рихтер барои хонаву иншоотҳои аз ҷиҳати меъмори дуруст бунёд ёфта, хавфе надоранд.
Дар ҳамин ҳол, Маркази зилзилашиносии Амрико маркази ин заминларзаро дар 46 километрии минтақаи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон дониста ва шиддати онро 5,4 дараҷа гуфтааст.
Нозим Орифов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 14 июни ба "Озодӣ" гуфт, ки тибқи маълумҳои расида, ин заминларза талафоти молӣ ва ҷонӣ дар пай надоштааст.
Радиои Озодӣ