Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи мушаххас кардани хатти марзи ду кишвари ҳамсоя рӯзи 12 май дар Душанбе оғоз ёфт. Дар ин музокирот Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш – Абдураҳмон Маматалиев ҳузур доранд.
Аз ҷузъиёти ин гуфтушунид, ки паси дарҳои баста дар бӯстонсарои ҳукумат мегузарад, то ҳол иттилои комил дар даст нест. Вале як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон гуфт, дар оғози музокирот омода намудани тарҳи созишнома байни Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи сарҳади давлатӣ баҳс шуда, эҳтимол ҳаводиси ахир дар марзи ин ду кишвар низ баррасӣ гардад. Ба қавли мусоҳиби мо, ин музокирот тӯли ду рӯз дар пойтахти кишвар идома хоҳад дошт.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.
Рӯзи ҳафтуми майи соли ҷорӣ дар пайи чунин даргирӣ, ки дар роҳи байни Ворух ва Оқсой рух дод, аз ду тараф даҳҳо захмӣ боқӣ монданд.
Дар пайи ин ҳодиса, вазорати умури хориҷии Қирғизистон сафири Тоҷикистон дар Бишкекро эҳзор карда, ба ӯ номаи эътирозӣ супурд ва хостори таҳқиқи ҳарчи зудтари ин қазия гардид. Мақомоти тоҷик расман ин ҳодисаро шарҳ надода, Вазорати умури хориҷии кишвар бо як иттилоияи кӯтоҳ иктифо кард.