Рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, 18-уми май чорабинии анъанавии Рӯзи дави миллӣ доир мегардад. Танҳо дар шаҳри Душанбе аз иштироки беш аз 20 ҳазор нафар интизорӣ меравад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, масофаи давидан 10 километр буда, он аз собиқ дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии Чорбоғ шурӯъ ва дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба анҷом мерасад.
Ба иттилои манбаъ, чорабинӣ соати 9-и субҳ оғоз гардида, анҷоми он соати 11-и рӯз пешбинӣ мешавад. Ғайр аз ин, дар тамоми ноҳияҳои пойтахт мусобиқоти давидан ба масофаи 3 километр ташкил карда шуда, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Рӯзи дави миллӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар мусобиқоти дави оммавӣ ба масофаҳои гуногунро барпо хоҳад кард.