Кореяи Ҷанубӣ ва Тоҷикистон барои роҳандозии аввалини парвози мустақими байни ду кишвар тавофуқ карданд.
Ба гузориши хабаргузории Yonhap, вазорати нақлиёти Кореяи Ҷанубӣ рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, тавофуқ бар сари хадамоти парвози мустақими байни ду кишвари Кореяи Ҷанубӣ ва Тоҷикистон тайи нишасти мақомоти ду кишвар дар Тоҷикистон анҷом шуд ва ба зудӣ тавофуқноме дар байни ду кишвар ба имзо мерасад.
Ин вазорат афзуд, бар асоси ин тавофуқнома ду кишвар метавонанд, ду парвози мустақим дар ҳафта дошта бошанд.
Вазорати нақлиёти Кореяи Ҷанубӣ бо таъкид бар ин ки Тоҷикистон дорои зарфиятҳои боло дар бозор барои ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ аст, тасреҳ кард, ин тавофуқнома ба густариши мубодилоти арзии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Миёна ва фурсатҳои касбу кори нав дар минтақа кӯмак хоҳад кард.
Садои Хуросон