Кумитаи изтирории Тоҷикистон аз идомаи интиқоли кумакҳои изтирорӣ ба сокинони панҷ ноҳияи осебдида аз ҳодисаи сел дар вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи масъулони ин кумита бештари кумакҳое, ки ба мардуми ин навоҳӣ интиқол ёфтаанд, аз ҷумлаи кумакҳои башарии сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон, соҳибкорон ва ширкатҳои хусусӣ будаанд.
Орифшо Нозимов, сухангӯи ин кумита, рӯзи душанбеи 21 апрел гуфт, ки мизони бештаре аз ин кумакҳоро маводди ғазоӣ, либос ва маводди дигари рӯзгор ташкил медодаанд. Оқои Нозимов мегӯяд, ки ҳамарӯза ба навоҳии осебдида аз ҳодисаи табиӣ маводди кумакӣ ироа мешавад
Афзоиши шумори афроди камбизоат
Бо ин вуҷуд ба гуфтаи бархе аз афроди огоҳ аз вазъи сокинони осебдида аз сел ва рониши замин дар навоҳии Шӯрообод, Восеъ, Кӯлоб, Ҳамадонӣ ва Хуросон, дар ин рӯзҳо бисёре аз сокинони ин навоҳӣ дар вазъи риққатборе қарор доранд ва бархе аз онҳо дастрасӣ ба ғазои гармро надоштаанд.
Марзия, як сокини 46-солаи ноҳияи Хуросон мегӯяд, ки манзилаш комилан хароб шуда ва хонаводаи ӯ тамоми дороии худро аз даст додааст.
Марзия афзуд: “Дар тӯли зиндагии худ чунин офати бадеро надида будам. Сад бор шукр ки кӯдаконамро наҷот додам ва ҳоло фарзандонам дар манозили хешовандаонам ҳастам. Дар манзил илоҷи зиндагӣ надорем.”
Қурбонҷон, яке дигар аз сокинони ин ноҳия аст, ки мегӯяд ду рӯз боз дар фазои боз ба сар мебарад. Зеро мегӯяд ӯ манзилаш аз сел хароб шуда ва зиндагӣ дар он барои инсон ғайриимкон будааст.
Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта хонаводаи Марзия ва сокинони дигари ноҳияи осебдида аз сели Хуросон кумакҳоро дарёфт накарда буданд. Ҳарчанд ин мардум шадидан ба кумакҳои изтирорӣ, аз ҷумла оби ошомиданӣ ва маводди ғазоӣ ниёзи шадид доштаанд.
Ҳудуди 170 хонаводаи дигари ноҳияи Хуросон дар канори хонаводаи Марзия ва Қурбонҷон, рӯзи 16 апрел аз ҷорӣ шудани селоб хисорат дида ва ду кӯдак низ дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст доданд.
Дар ноҳияи Хуросон дар баҳори соли 2009 низ ҳодисаи сел ба иҷтимоъи сокинон хисороти хангуфтеро ворид карда буд. Он замон дар асари борони шадид ва селоб дар рустоҳои Партсъезди боло ва Партсъезди поёни шаҳраки Уялии ин ноҳия беш аз 200 воҳиди маскунӣ хароб шуда буданд.
Коршиносон бо ишора бар он ки аксари мардуми хисоратдидаи ноҳияи Хуросон ва навоҳии дигари вилояти Хатлон, аз ҷумлаи кишоварзони оддӣ ва камбизоат буданд, мегӯянд, ки ин офати табиӣ шумори афроди камбизоат дар ин минтақаро афзоиш хоҳад дод.
То ҳол масъулони давлатӣ хисороти дақиқи ворида аз ҳаводиси сели се рӯзи моҳи апрел дар вилояти Хатлонро арзёбӣ накардаанд.
Ниёзи сокинон ба кумакҳои равонӣ
Аз сӯи дигар ба гуфтаи Орифшо Нозимов, сухангӯи Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон кумисиюни вижаи давлатӣ то ҳол машғули арзёбии хисороти ворида аз ҳодисаи табиӣ дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон будааст.
Оқои Нозимов афзуд: "Қарор аст, ки то авохири ин ҳафта ин кумисиюн натиҷаи ниҳоӣ аз мизони хисороти ворида аз сел дар ин вилоятро арзёбӣ ва пахш кунад."
Аммо намояндагони Гурӯҳи ҳамоҳангӣ ва вокуниши сареъ ба авзоъи изтирорӣ (REACT) дар Тоҷикистон ва кормандони ҳашт созмони байналмилалии мустақар дар ин кишвар дар гузориши дуввуми худ аз хароб шудани ҳудуди 470 манзили маскунӣ танҳо дар чаҳор навоҳии вилояти Хатлон хабар додаанд.
Ҳамчунин тибқи ин гузориш, сел ва рониши замин дар навоҳии Шӯрообод, Восеъ, Кӯлоб ва Ҳамадонӣ 15 нафар аз сокинонро кушта ва 38 нафари дигар бар асари он ҷароҳҳоти мухталиф бардоштаанд.
Дар ин гузориш омадааст, ки дар ин навоҳӣ беш аз 860 сар аз ҳайвоноти аҳлӣ дар зери сел монда кушта шуда ва беш аз 8 килуметр роҳҳои иртибототӣ аз миён рафта ва як мактаби ҳамагонӣ дар рустои Чордара комилан нобуд шудааст.
Масъулони ин созмонҳо аз хатароти ношӣ аз шуюъи бемориҳои мусрӣ, аз ҷумла исҳол, ба далели заъфи беҳдорӣ, камбуди оби ошомиданӣ ва хароб шудани мустароҳҳои (ҳоҷатхонаҳои) зиёд дар рустоҳо изҳори нигаронӣ кардаанд.
Ҳамчунин кормандони ин созмонҳо дар гузориш гуфтаанд, ки мардуми мантиқаи осебдида аз сел ба кумакҳои равонӣ ниёзи шадид доштаанд. Ҳарчанд ба навиштаи онҳо масъулони созмони Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон машғули ироаи кумакҳои равонӣ ба мардуми минтақаи осбедида аз сел ҳастанд.
Бар асари бориши зиёд ва сел дар шаби 12 ба 13 ва рӯзи 16 апрел ба манозили маскунӣ ва муассисоти дигари рустоҳои ноҳияи Шӯрообод, бархе аз рустоҳои ҳумаи шаҳри Кӯлоб, навоҳии Восеъ ва Ҳамадонӣ ва Хуросони вилояти Хатлон хисороти хангуфте ворид шудааст.
Дар ин ҳодиса 17 нафар, аз сокинони ин навоҳӣ, аз ҷумла 10 кӯдак, ҷони худро аз даст додаанд.