Ройзании фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон тайи як маросим зиёда аз 500 ҷилд китоб ба маркази эроншиносии китобхонаии миллии Тоҷикистон иҳдо кард.
Муҳаммад Ҳасани Санъатӣ ройзани фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон дар ин маросим, ки бо ҳузури кормандони ниҳодҳои илмӣ ва фарҳангии ду кишвар баргузор шуд, ҳадияи ин китобҳои форсиро қисмате аз иқдомоти барномарезӣ шуда дар ҳамкорӣ бо ин китобхона баён кард.
Вай гуфт: Китоб ба унвони пурбаҳотарин чиз дар ҳамаи замонҳо барои ҷомеаи фарҳангии кишварҳо буда ва ҳадияи китоб ба якдигар аз суннатҳои роиҷ дар ҳар ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон аст.
Носирҷон Салимзода раиси китобхонаи миллии Тоҷикистон иҳдои ин китобҳоро як кори муҳимми бародарони эронӣ барои дастрасии пажӯҳишгарони тоҷик ба асарҳои илмӣ ва таърихии пажӯҳишгарони эронӣ донист.
Вай идома дод: Саъдии Шерозӣ аз шахсиятҳои бузурге аст, ки бо осори пур аз ҳикмат ва фалсафаи худ дар саросари ҷаҳон шинохта шуда буда ва тоҷикон ҳам ӯро ягона шоире медонанд, ки дар нашри забони форсии тоҷикӣ кушо будааст ва аз ӯ ба некӣ ёд карда ва мақоми вайро гиромӣ медоранд.
Раиси китобхонаи миллии Тоҷикистон дар бахши дигари сухани худ инчунин баён кард: Китобҳои иҳдо шуда аз сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон то ҳол беш аз 50 ҳазор нусха буда ва бештар аз 3500 китоб тавассути ройзании фарҳангӣ ба ин марказ ҳадия шудааст.
Вай бо ишора ба равобити хубу дӯстона бо ниҳодҳои эронӣ аз кӯмакҳои сафорати Эрон дар ҷиҳати чопи китобҳои мавриди назари китобхонаи миллӣ қадрдонӣ ва ташаккур кард.
Сохтмони нави китобхонаи миллии Тоҷикистон ду соли пеш бунён шудааст, ки эҷоди он ҳазинаи 40 миллион доллариро ба худ ихтисос додааст.
Ба гуфтаи масъулон, ин ниҳоди илмӣ ва фарҳанӣ тавоноии нигаҳдории 10 миллион китобро дорад.
Дар китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшҳое ҳумчун маркази фарҳангии Эрон, маркази забони форсии тоҷикӣ ва ҳамчунин бахши китобҳои қадимӣ ва дастнавишта ба ба маркази эроншиносии китобхона ихтисос дода шудааст.