Семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 41 млн. 838 ҳазор доллари ИМА 67 ҳазору 705 тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳазору 752 тонна зиёдтар аст.
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки сол то сол дар баробари воридоти автомашинаҳои гуногун ҳаҷми воридоти ин навъи сӯзишворӣ низ меафзояд, зеро феълан ҳудуди нисфи автомбилҳои ҷумҳурӣ ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, арзиши як тонна гази моеъи воридотӣ то гузаргоҳи гумрукии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 618 доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ин нарх аз нархи соли гузашта қариб фарқе надорад.
Зимнан зикр гардид, ки моҳи ахир арзиши гази моеъ дар ҷумҳурӣ боло рафта, имрӯз нархи миёнаи 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯш 2,9-3 сомониро ташкил медиҳад. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе арзиши 1 литр гази моеъ ба ҳисоби миёна ба 3,20 сомонӣ баробар аст.
Бино ба маълумоти хадамоти гумрук, аз ҳаҷми умумии воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон ҳиссаи Қазоқистон – 91%, Русия – 6,6% ва Туркманистон – 2,4%-ро ташкил медиҳад.