Дар кӯчаи Дӯстматови шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президент Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзол аз он ва корхонаи қубурҳои пластикии калонқутр ба кор дароварда шуд.
Ин корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзоли чармӣ дар назди ҶДММ Доро оҳангар бо харҷи наздики 10 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаҳҳор Холов ва шарикони хориҷии ӯ аз Амороти Муттаҳидаи Араб бунёд ёфта, бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар ин корхона бо иқтидори кунунияш дар як сол то 500 ҳазор дона пӯсти чорвои калону майда мавриди коркард қарор гирифта, аз он дар коргоҳи дӯзандагии ҳамин корхона либос ва пойафзоли гуногуни чармӣ истеҳсол мешавад.
Дар оғози кор истеҳсоли то 20 намуд маҳсулоти тайёри чармӣ ба роҳ монда шуда, минбаъд номгӯйи он мувофиқ ба талаботи бозор афзун хоҳад шуд.
Дар давраи аввали кори корхона дар он наздики 70 нафар ба кори доимӣ ҷалб шудаанд. Ояндаи наздик дар ин ҷо беш аз 400 ҷойи корӣ муҳайё мегардад.
Корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии калонқутр бошад, аз ҷониби Агентии обёрӣ ва беҳдошти замини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, дар он ду хатти технологӣ васл шудааст.
Дар яке аз онҳо қубурҳои қутри аз 200 то 630 мм ва дар дуюмаш аз 630 то 1200 мм истеҳсол мешавад. Корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии қутри аз 630 то 1200 мм нахустин ва алҳол ягона дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна мебошад.
Дар ин корхона бо иқтидори кунуниаш дар як сол аз 13 ҳазор тонна ашёи хом қубурҳои гуногуни ба фишори баланд тобовар тавлид хоҳад ёфт. Қубурҳои ин корхона барои расондани оби нӯшокӣ, оби кишоварзӣ ва гази табиӣ пешбинӣ шуда, зиёда аз 50 сол хизмат хоҳанд кард.
Ин корхона бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он 45 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1200 сомонӣ таъмин гардидаанд.