Президент Эмомалӣ Раҳмон аз маҳаллаи навбунёди Истиқлол, ки барои аҳолии аз заминҷунбии моҳи ноябри соли 2013 осебдида дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат дидан кард.
Бино ба иттилои сомонаи Президент, барои 108 хонаводаи бесарпаноҳмонда хонаҳои нав сохта шуда, бо ашёи рӯзгор ба онҳо туҳфа карда шуд. Зикр гардид, ки то имрӯз 65 хона пурра омода шуда, сохтмони боқӣ хонаҳо идома дорад.
Ба 250 хонаводае, ки хонаҳояшон қисман осеб дидаанд, замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст ва 50% масолеҳи сохтмонӣ ба онҳо аз ҳисоби Ҳукумати кишвар ройгон дода мешавад.
Барои бунёди ин маҳалла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 166 гектар замин ҷудо гардидааст. Дар ин ҷо, ҳамчунин ба 1000 оилаи ба манзили зист ниёздоштаи дигар низ қитъаҳои наздиҳавлигӣ дода мешавад.
Манбаъ мегӯяд, дар маҳаллаи нав хатнасури 100 писарча ва тӯйи арусии 10 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои ниёзманд дастаҷамъона ороста шуд. Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 2480 хонанда дар 2 баст оғози расмӣ бахшид.
Ёдрас бояд шуд, ки дар натиҷаи заминҷунбии 10-уми ноябри соли 2013 рухдода дар чанде аз деҳаҳои шаҳри Ваҳдат 108 хона пурра хароб шуда, наздики 250 хонаи дигар қисман осеб дида буданд.