Давоми семоҳаи аввали соли равон сатҳи таваррум дар Тоҷикистон бино ба иттилои расмӣ, 2,4 фоизро ташкил дода, рӯ ба афзоиш дорад.
Бино ба маълумоти расмии Бонки милллии Тоҷикистон, сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-марти соли равон 2,4 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 банди фоизӣ зиёд аст.
Манбаъ мегӯяд, таҳлили тағйирёбии ин нишондиҳанда нишон додааст, ки дар 12 моҳи охир сатҳи таваррум 4,8 фоизро ташкил карда, дар қиёс ба ҳамин даври соли гузашта 1,7 фоиз кам мебошад.
Нишондиҳандаи дигар - меъёри бозтамвил аз 10-уми январи соли равон баъди бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 0,7 банди фоизӣ паст шуданаш, 4,8 фоизи солонаро ташкил медиҳад.
Коршиносон мегӯянд, болорави сатҳи таваррумро дар бозорҳои кишвар метавон эҳсос кард, ки нархи маводи аввалияи ғизоӣ дар семоҳаи аввал аз 20 то 50 дар сад боло рафтаанд.
Соли гузашта Бонки миллии Тоҷикистон болоравии нархи орд ва гандумро дар бозори ҷаҳонӣ сабаби аслии суръати таваррум дар кишвар арзёбӣ карда буд.