Бо насби таҷҳизоти ҷадид дар корхонаи намаки ноҳияи Восеъ дар мантақаи Кулоби Тоҷикистон имкони содироти ин маҳсӯлот ба Қирғизистон фароҳам шуд.
Ба гузориши сойти Асзия-Плюс, муовини мудири Ширкати саҳҳомии "Хоҷамуъмин" эълом карда аст, ки бо насби ин таҷҳизот, ки зарфияти тавлиди 120 тон намак дар шабона рӯзро дорад, ба Қирғизистон метавон ба Русия, Узбакистон ва Қозоқистон содироти ин маҳсулро роҳандозӣ кард.
Ба гуфтаи Нурулло Исмоилов, намаки ин корхона дар яке аз намоишгоҳҳои маҳсӯлоти ғизоӣ, ки ахиран дар Русия баргузор гардид, бо истиқболи хубе рӯ ба рӯ шуда аст, вай таъкид карда аст, ки тайи панҷ соли ахир ба далели куҳна ва фарсӯда шудани таҷҳизоти намаки бидуни кайфият тавлид мешуд, ки ин бо бозсозии ин маркази тавлидӣ ва насби дастгоҳҳои ҷадид заминаи содироти намаки бо кайфият фароҳам шуда аст. Манбаи намаки "Хоҷамуъмин" яке аз бузургтарин захоири намак дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, ки барои афзоиши тавлиди ин маҳсӯли муҳими ғизоӣ ниёз ба сармоягузории молӣ ва насби таҷҳизоти ҷадид дорад.