Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Теҳрон меояд.
Ба гузориши Садои Хуросон, Сироҷиддин Аслов - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон барои гуфтугӯ дар бораи роҳҳои густариши равобити кишвараш бо ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз ба Теҳрон сафар мекунад.
Дар ҳамин ҳол вазири умури хориҷаи Белорус – Владимир Макей низ имрӯз вориди Теҳрон мешавад.
Вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Белорус дар сафари худ ба Теҳрон, имрӯз якшанбе илова бар дидор бо Муҳаммадҷаводи Зариф - вазири умури хориҷаи Эрон бо дигар мақомоти ҷумҳурии исломии Эрон низ дидор ва гуфтугӯ мекунанд.
Садои Хуросон