Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки 14-умин Иҷлоси сарони кишварҳои узв ва нозири Созмони ҳамкориҳои Шанхай сентябри соли ҷории милодӣ дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Абдулфайз Атоев дар нишасти матбуотӣ афзуд: Дар ростои баргузории 13-умин Иҷлоси кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар соли ҷории милодӣ, панҷ нишасти Шурои вазирон ва мақомҳои кишварҳои узв ва нозири ин Созмон низ ташкил хоҳад шуд.
Атоев гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба он ки Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2013 раёсати Созмони ҳамкориҳои Шанхайро бар уҳда гирифта аст, 14-умин Иҷлоси сарон бо унвони ҳамкорӣ, ҳамрушди шукӯфоӣ, баргузор мешавад.
Вай эълом кард: Қарор аст дар соли ҷории милодӣ, панҷ нишасти Шурои вазирон ва мақомҳои кишварҳои узв ва нозири Созмони Шанхай, шомили ҷаласоти Шурои вазирҳои умури хориҷа, вазирони дифо ва фарҳанг , нишасти муовинони Шурои амниятӣ ва ҷаласаи раисҳои бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддири ин Созмон баргузор шавад.
Атоев гуфт: Ба ин тартиб интизор меравад, ки аввали моҳи апрели соли ҷорӣ мулоқоти вазирҳои дифои кишварҳои узви Созмони Шанхай дар шаҳри Душанбе барпо шавад.
Дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Шанхай моҳи сентябри соли гузаштаи милодӣ дар Бишкек, раёсати давраии ин Созмон ба Тоҷикистон вогузор шуд.
Созмони ҳамкориҳоии Шанхай дар соли 2001 бо узвияти Чин, Русия , Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шуд.
Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҳинд , Афғонистон , Муғулистон ва Покистон дар ин Созмон мақоми нозирро доранд.
Садои Хуросон