Хабаргузории "Интерфакс" дар такя ба манобеи худ дар мақомоти болоии ҳукумати Тоҷикистон навиштааст, дар музокироти Қирғизистону Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз 14-уми феврал дар Ало-Арчаи шаҳри Бишкек оғоз шуд, масъалаи иваз кардани минтақаҳои марзии ин ду кишвар мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.

Ин манбаъ менависад, ки Тоҷикистону Қирғизистон сари масъалаи иваз кардани ҷазирақаламрави Ворух ба заминҳои Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон меандешанд.

Расонаҳои русӣ, дар такя ба "Интерфакс" ин иттилоъро ба нашр расондаанд ва наменависанд, ки пешниҳоди мазкур аз кадом ҷониби баҳс матраҳ шудааст, аммо гуфтаанд Душанбе ва Бишкек мехоҳанд бо ҳамин роҳ ба баҳси марзӣ миёни ин кишварҳо хотима гузоранд.

Ҷониби Қирғизистон Ворухро ҷазирақаламрав меҳисобад ва мехоҳад роҳи алтернативии худро, ки аз марзи Тоҷикистон убур мекунад, дошта бошад, дар ҳоле, ки Душанбе бар ин назаранд, ки Ворух тибқи тақсимоти марзию ҳудудии соли 1924 ҷазирақаламрав набудааст.

Имрӯз 14-уми феврал ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон бо даъвати ҷониби Қирғизистон ба шаҳри Бишкек сафар кард.

Бино ба иттилои расмӣ, мутобиқи созишномаҳои қаблан ба даст омада, дар ҷаласаи корӣ имрӯз ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи амалии мувофиқаҳои дар вохӯриҳои қаблӣ ба дастомадаро, ки рӯзҳои 30-31 январи соли 2014 баргузор шуда буданд, баррасӣ мекунанд.

Ҳамчун ҷонибҳо то ҳол мувофиқатномаи миёни ин кишварҳоро, ки 30-31-уми январ имзо шудаанд, фош накардаанд, Агентии иттилоотии миллии Тоҷикистон "Ховар" имрӯз иттилоъ дод, ки дар ин ҷаласа пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон масъалаи барқарор намудани фаъолияти гузаргоҳҳои назоратӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки якҷониба аз 11-уми январи соли 2014 фаъолияташон қатъ гардида буд, мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.

Ёдрас мекунем, ки баҳси марзи миёни ин ду кишвар боиси тиркушоии неруҳои марзбони ду ҷониб шуда, дар натиҷаи низоъи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 9 нафар шаш сарбози қирғиз ва се марзбони тоҷик осеб диданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба вайрон кардани муоҳадаи миёни ду ҷониб ва истифода аз силоҳ айбдор карданд.

1-уми феврал Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расида буданд, ки баъди берун кардани нерӯҳои иловагӣ аз минтақаи сарҳадӣ ҷониби Қирғизистон марзро боз мекунад.

Ду кишвар бояд инчунин ҷараёни делимитатсия ва демаркатсияи марзи муштаракро тезонанд, то аз муноқишаҳои эҳтимолӣ дар оянда пешгирӣ намоянд.

Дар натиҷаи музокироти дурӯза санаде низ ба имзо расондаанд, ки тибқи он ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки нерӯҳои иловагии ба марзҳо фиристодаашонро аз минтақаи сарҳадӣ берун бароранд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гузаргоҳҳои сарҳадии миёни ду кишвар баъди иҷрои бандҳои марбутаи ин санад аз ҷониби Қирғизистон боз хоҳанд шуд.

Ҷузъиёти бештаре аз ин мулоқот нашр нашудааст.

Ҷониби Тоҷикистонро дар ин ҳайат муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон раҳбарӣ мекард, ки барои баррасии масоили марзӣ 30-юми январ ба Қирғизистон сафар намуда буданд.

Қирғизҳо баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадбонони Қирғизистону Тоҷикистон дар 11-уми январи соли равон гузаргоҳҳои сарҳадиро ба таври якҷониба бастаанд.

Тибқи хабарҳо ҳудуди 600 ронанда дар давоми ду ҳафта дар сарҳади Қирғизистон наметавонанд ба Тоҷикистон ворид шаванд.

Tojnews

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст