Зимистони Тоҷикистон ба марҳилам авҷи худ расида ва бориши барф, сармо мушкилоти зиёдеро ба худ ҳамроҳ дошта аст. Ин давраро "Чиллаи хирдак" меноманд, ки 20 рӯз идома дорад.
Имсол ба далели бориши сангини барф аз оғозини рузҳои чиллаи хурдак дар Тоҷикистон, давлат ба муддати 10 рӯз тамоми мактабҳо ва боғчаҳоро (садикҳоро) таътил эълом намуд.
Бузургтарҳо ва ришсафедон дар Тоҷикистон, ин давраро аз мароҳили сахт ва ҳамроҳ бо сармои сангин медонанд ва бар ин бовар ҳастанд, ки зимистон дар чилаи хурдак худро намоён мекунад.
Истилоҳи "Чиллаи хурдак" ба адади чил рӯз иртибот дорад ва ба маънои нимаи чил аст, ки пас аз поёни чиллаи калон то чил рӯз баъд аз оғози зимистон идома пайдо мекунад, чиллаи хурдак оғоз мешавад.
Бино ба солу рӯз шумориҳои қадим, ки бузургтарҳои ин кишвар аз гузашта то ба ҳол ба он такя мекунанд, пас аз чиллаи хурдак ҳаҷдаҳ рӯз "Бузкаш" давоздаҳ рӯз "Кабкрав" ва дар ниҳоят "Ҳут" буда ва бо поён ёфтани ҳут, наврӯз фаро мерасад ва сол, нав мешавад.
Ин тасовир ҳолу ҳавои зимистонии Тоҷикистонро нишон медиҳед.