Устондории Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, аз будҷеи ин вилоят 97 ҳазору 200 сомонӣ барои олимони ҷавон ва донишҷӯёни фаъъоли ин минтақа ихтисос додааст.
Бар асоси иттилоъи дафтари матбӯъотии устондорӣ, ин кумакпулӣ барои як олими ҷавон дар як моҳ 150 сомонӣ ва барои як донишҷӯй 70 сомониро ташкил медиҳад.
Давлатшо Гулаҳмадов, кафили риёсати вилояти Хатлон, ахиран мусаввабае дар бораи тахсиси кӯмакпулии ҳармоҳа ба олимону донишҷӯёнро тасвиб кард.
Қарор аст, ин сармоя аз сӯйи масъулони устондории Хатлон аз моҳи ҷорӣ то авохири соли равон барои 40 нафар аз олимони ҷавон ва 30 донишҷӯ эъто мешавад.
Олимон ва донишҷӯёни ҷавоне, ки аз ин кумак бархӯрдор хоҳанд буд, аз сӯйи масъулони донишгоҳҳо пешниҳод шудаанд. Масъулони устондорӣ ҳадаф аз ин иқдомро кумак ба рушди арсаи маъориф ва илм дар вилояти Хатлон арзёбӣ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки се сол қабл як гурӯҳи корӣ аз Вазорати маъорифи Тоҷикистон зимни арзёбии вазъи омӯзишу парвариш дар ин минтақа, аз боло будани синни олимон, аз ҷумла омӯзгорони муассисоти илмӣ, дар ин минтақа изҳори нигаронӣ карда буд.
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳуқуқи моҳиёнаи ночизи омӯзгорон ва олимони донишгоҳҳо ва донишкадаҳои Тоҷикистон дар фаъъолиятҳои илмию пажӯҳишии онҳо асароти манфӣ барҷо мегузорад.
Масъулони Донишгоҳи Носири Хисрави шаҳри Қурғонтеппа мегӯянд, ки онҳо ба омӯзгорон, аз ҷумла олимон ва номзадҳои илм, кумакҳои молӣ ироа мекунанд.