Дар Душанбе аввалин шумораи ҳафтаномаи сиёсии "Ҳафта" ба нашр расид.
Сармуҳаррири нашрияи навтаъсис Ҳикматёри Ҳикматзод мебошад.
Ӯ дар сӯҳбати худ дар ин бора гуфт, ҳафтаномаи «Ҳафта» дар асоси ҳафтаномаи «Овоза ва ҳақиқат» бунёд гардидааст: - Моҳи октябри соли гузашта ҳафтаномаи “Овоза ва ҳақиқат”-ро дар Вазорати фарҳанг дубора бо номи “Ҳафта” сабти ном намудаем. Сармақоланависи мо журналисти маъруф Абдуқаюми Қаюмзод аст, ки дар нахустин шумора суҳбати ихтисосие бо Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат пешкаши хонанда кардааст. Умедворем, ки нашрия ба зудӣ хонандаи худро пайдо хоҳад кард.
Шумораи аввали ҳафтанома имрӯз 15 Январ бо теъдоди 1000 адад дар ҳаҷми 16 саҳфаи А3 дар чопхонаи “Интишор” нашр шудааст. Муаассиси нашрияи нав ҶДММ “Марям-2011” мебошад.
Дар шумораи аввали он мақолаҳои журналистон Абдуқаюми Қаюмзод, Раҷаби Мирзо, Нуралӣ Давлат, Мирзои Салимпур,Насибҷон Амонӣ ва дигарон нашр гардидаанд.
Инчунин, матлабҳо аз саҳифаҳои хабаргузориҳо аз интернет бознашр шудаанд.