Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздикӣ Худованд бадӣ нест фаромушт.
Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд.
Ангур на аз баҳри набид аст ба чархушт.
Исо(а) ба раҳе дид, яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.
Гуфто, ки киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз кӣ ӯро бикушад, он кӣ туро кушт?
Ангушт макун ранҷа ба дар куфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар куфтанат мушт.
Носири Хусрави Қабодиёнӣ