Режими ишғолгари саҳюнистии Исроил асри рӯзи якуми апрели 2024 дар иқдоми ҷинояткорона, ба бахши консӯлии сафорати Эрон дар Дамишқ, пойтахти Сурия ҳамла кард, ки дар натиҷа ба шаҳодати ҳафт тан аз мусташорони аршади низомии Эрон анҷомид. Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, фармондеҳи муаззами Кули Қуво ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ин иқдоми Тел-Авивро ҳамла ба хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон унвон намӯд ва таъкид карданд, ки режими саҳюнистӣ "танбеҳ" хоҳад шуд.
 
Дар натиҷа Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам шаби шаби14-уми Апрел бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳои баллистикӣ ба Исроил ҳамлаи гӯстарда кард.
 
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аз тахриби ҳадафҳо дар Исроил бо истифода аз мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин хабар дод, хабар медиҳад IRNA.
 
Намояндагии Эрон дар СММ гӯфт, ки ин ҳамла посӯх ба ҳамлаи мушакии ахири Исроил ба консӯлгарии Эрон дар Димишқ аст, ки бар асари он ду генерал кӯшта шуд ва ҳамчунин ба банди 51-и Оинномаи СММ дар бораи ҳуқӯқи дифоъ аз хӯд ишора кард.
 
Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, пас аз ҷинояти режими саҳюнистӣ ба дур аз фазои эҳсосӣ ва ҳаяҷонӣ, бо такя бар се асли бунёдини хӯд дар сиёсати хориҷӣ, яъне «Иззат», «Ҳикмат» ва «Маслиҳат» ва бо баҳрамандӣ аз тавон ва таҷрибаи нерӯҳои мусаллаҳи хӯд, барномарезии муносиберо барои иҷрои танбеҳи дӯшмани Исроил анҷом дод.
 
Режими ишғолгари саҳюнистии Исроил бо ҳимоят ва ҳамроҳии Амрико, наслкуши дар Ғаззаро дифоъи машрӯъ хонд чаро, ки рӯзи 7-уми октябр бо амалиёти Тӯфони Алақсо мувоҷҷеҳ шуд. Иддаои дифоъи машрӯъ дар қиболи наслкуши дар Ғазза, иддаои нодурӯст ва тавҷҷеҳи барои ин ҷиноёти бесобиқа алайҳи мардуми Ғазза аст. Зеро мардуми Фаластин ба хусус дар Борикаи Ғазза аз 7 даҳҳа аст, ки бо хушунати систематики режими саҳюнистӣ  мувоҷҷеҳ ҳастанд. Тӯфони  Алақсо мисдоқи дифоъи машрӯъ дар муқобили ин хушунати созмонёфта буд. Иқдоми низомии шаби гузаштаи Ҷумҳури Исломии Эрон низ дифоъи машрӯъ дар муқобили ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба сафорати Эрон дар Димишқ буд.
 
Намояндагии Эрон дар СММ Амир Саид Ирвонӣ гӯфт: Иқдоми қотеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар зидди режими ишғолгари Исроил дар пайи набуди ирода дар Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид, бо нотавонии ин Шӯро дар маҳкумияти иқдомоти мусалаҳонаи режими саҳюнистӣ алайҳи амокини дипломотики Эрон дар Сурия, анҷом шудааст. Инфиол ва нотавонии Шӯрои амният ва ҳатто ҳимояти бархе аъзои ин Шӯро ба хусӯс Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, сабаб шуд Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дифоъ аз худ, иқдоми низомӣ алайҳи Фаластини ишғолӣ анҷом диҳад.
 
Амир Саид Ирвонӣ дар ин замина тасреҳ кард: "Мӯътасифона, Шӯрои анияти Созмони Миллали Муттаҳид дар анҷоми вазоифи хӯд дар ҳифзи сулҳу амнияти байналмиллалӣ кӯтоҳӣ намуда ва ба режими Исроил иҷоза дода то хутути қирмиз ва усули асосии ҳуқуқи байналмиллалиро зери по бигузорад.
Чунин тахалуфоте сабаби танишҳо дар минтақа шуда ва сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмиллалиро ба хатар андохтааст".
 
Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иқдоми низоми алайҳи Исроил ҳеҷ макони ё шахси ғайри низомиро мавриди ҳадаф қарор надод. Ин дар ҳоле аст, ки режими саҳюнистӣ аз як сӯ сафорати Эронро, ки амокини дипломотик ва дороӣ масуният аст, мавриди ҳадаф қарор дод ва аз сӯи дигар ҳудуди 7 моҳ аст, ки шаддитарин ҷиноётро бар зидди ғайри низомиёни Ғазза муртакиб мешавад.
 
Намояндаи Эрон дар СММ, Амир Саид Ирвонӣ дар охир гӯфт: Иқдоми низомии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бар зидди режими ишғолгари Исроил танҳо нахӯстин гом дар ҳимоят аз тамомияти арзии Эрон буд ва агар Исроилиҳо муртакиби ҳамоқати ҷадиде бишванд, вокунише ба иқдоми низомии Эрон анҷом диҳанд, онгоҳ иқдоми густардатаре бар зидди режими ишғолгари Исроил анҷом хоҳад шуд.
 
Ба иттилои NBC News Байден аз Нетаняҳу хостааст, ки ба посӯхи мушакии Теҳрон посӯх ва вокуниш нишон надиҳад, зеро Амрико дар сурати гӯстариши низоъ ва ҷанг дар “ҳеҷ амалиёти ҳамла ба зидди Эрон” ширкат нахоҳад кард.
 
Рӯзномаи New York Times менависад, ки аз Эрон 185 ҳавопаймои бесарнишин, 36 мушаки болдор ва 110 мушаки замин ба замин ба самти Исроил партоб шудааст.
 
Ба гӯзориши “Спутник”, низ вазорати хориҷаи Русия иқдоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамла ба аҳдофи мӯаян дар Исроилро мисдоқи дифоъ аз хӯд тавсиф кард.
 
Вазорати хориҷаи Русия рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, ки амалиёти танбеҳии Эрон алайҳи режими саҳюнистӣ бар асоси моддаи 51 маншӯри Созмони Милал сӯрат гирифтааст ва посӯхе ба ҳамлаи режими Исроил ба бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ аст.
 
Бар асоси моддаи 51 маншури Созмони Милали Муттаҳид дар сурате, ки як узви Созмони Милал мавриди таҷовӯзи мусаллаҳона қарор гирад, дифоъи он кишвар аз хӯд ҳаққи машрӯъ ва табиӣ аст.
 
Рӯзнома "Глубол таймзи Чин" низ посухи низомии Эрон зиди режими Исроилро ҳисобшуда ва роҳбурди тавсиф кард ва аз исобати дақиқи мушакҳо ва паҳподҳо ба аҳдофи таъйиншуда хабар дод.
 
Ба гӯзориши Хабаргӯзории донишҷӯёни Эрон (Исна), Мики Зоҳар, вазири фарҳанги режими саҳюнистӣ афзӯд: Исроил аз ҳафтӯми октябри соли гӯзашта то кунун дар набард бо Ҳамосу Ҳизбуллоҳ бо шикастҳои пай дар пай мувоҷеҳ шудааст ва тардиде нест, ки дар баробари ҳамлаи мушакиву паҳподии Эрон низ шикаст хӯрдааст.
 
Рӯзномаҳои исроилӣ ҳамчун Идиъут Оҳоронут ва Мокурришиун эълон карданд, ки бакоргирии гӯстардаи мушакҳои сомонаҳои падофандӣ тайи як шаб барои муқобила бо ҳамлаи гӯстардаи Эрон, ҳудуди 1.5 миллиард доллар ҳазина рӯи дасти Исроил ва муттаҳидонаш ба вижа Амрико қарор додааст.
 
Таҳлил: Бо вуҷуди ин ки дӯшман аз рӯзҳои қабл хӯдро омодаи посӯхи эҳтимолии Ҷумҳурии Исломии Эрон карда буд. Сомонаҳои падофндӣ монанди Гунбади Оҳанин, Флахони Довуд, Пикан, Барак ва…ро фаъол карда ва аз пӯшиши падофнди ҳудӯди 10 кишвар, аз ҷумла Амрико ва Англис баҳра мебурд ва ҳатто бар осмони кишварҳои минтақа, монанди Ироқ ва Урдун тасаллӯт доштанд. Боз ҳам дар ин амалиёти “Ваъдаи Содиқ”, ки амалиёти ошкор ва таркибӣ бо истифода аз паҳпод, мушаки Куруз ва мушаки баллистик буд, натавонист боздорандагии муносибе дар баробари таҳоҷӯми ғаюрмардони Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дошта бошад. Дар ниҳоят мушакҳои баллистикӣ ва дронҳо ба ду пойгоҳи низомии ҳавоии «Навотим» пойгоҳи аслии ҷадидтарин ҷангандаҳои эф-35 ва иттилооти «Ҷабалуш-Шайх»-и Исроил ба унвони аҳдофи аслии Сипоҳ бо муваффақият исобат карданд.
 
Бинобар ин, амалиёти “Ваъдаи Содиқ” ҳам муодилоти ҷаҳонӣ ва мантақаиро
тағир дод ва ҳам муҳосиботи дӯшмани саҳюнистиро бар ҳам зад. Ба тавре, ки Исроил тасаввӯр мекард Теҳрон посӯхи ҷинояти террористӣ ва ҳамлаи мушакии ахири Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқро аз тариқи яке аз муттаҳидони хӯд дар меҳвари муқовимат хоҳад дод, аммо иттифоқе, ки афтод комилан мутафовит буд.
 
Дар шароите, ки бештари душманон тасаввур мекарданд роҳбурди Эрон мубтанӣ бар адами вуруд ба рӯёрӯии мустақим аст. Аммо амалиёти “Ваъдаи Содиқ” -и Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамаи ин тасаввӯротро бар ҳам зад ва ба дӯшманон ва дар раъси он режими ишғолгари Исроил ҳӯшдор дод аз посӯхи мустақим ба он ҳеҷ тарс ва ибое надорад. Замоне, ки пойи ҳокимияти Эрон дар миён бошад ин кишвар ҳеҷ хатти қирмизеро намешиносад. Ин амр мӯҷиб мегардад саҳюнистҳо дар марҳалаи баъди қабл аз иртикоб ҳар аҳмақӣ ҳазорон бор арзёбӣ ва муҳосиба кунанд ва ибрат бигиранд.
 
Ин амалиёти Эрон собит кард тарси Амрико аз вуруд ба ҷанги бо Эрон ва ба хатар афтодани манофеаш дар минтақа ба андозае аст, ки ҳатто агар Исроил ҳам дар хатар бошад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳозир ба тақобул ва рӯёрӯии мустақим бо Эрон намешавад ва хӯдашро вориди як ҷанги беҳуда ва пурҳазина намекунад. Бинобар ин Эрон собит кард, ки Эрони 2024 бо Эрони даҳаи 1980 ва қабл аз Инқилоб комилан мутафовит буда ва метавонад тарафҳои чун Амрикоро водор ба ақибнишинӣ кунад.
 
Бинобар ин Эрон муваффақ шуд дар айни посӯх ба ҷинояти режими ишғолгари Исроил, қавонини ҷадидеро дар даргирӣ эҷод кунад, ки ҳамчунон бештар хоҳанд шуд ва ҳатто агар саҳюнистҳо муртакиби ҳамоқати ҷадиде ҳам бишванд, ин натоиҷе, ки амалиёти Ваъдаи Содиқ рақам зад, пок нахоҳад шуд. Ишғолгарон ба хӯбӣ медонанд, ки ҳар ҳамоқати тоза аз сӯи онҳо чӣ авоқиби сахт ва маргборе дорад ва ба ҳамин далел аст, ки Амрико шадидан Исроилро таҳти фишор қарор дода ва бо ҳар таҳарруки низомӣ аз ҷониби Исроил мухолиф аст.
 
Амалиёти Ваъдаи Содиқи Эрон собит кард режими ҷинояткори саҳюнистӣ ҳатто дар муқобила бо хатароти кӯтоҳ ва маҳдуд ҳам ба шиддат вобаста ба таҷҳизоти низомӣ ва дифоии Амрико ва дигар ҳомиёни хӯд аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба танҳои қодир ба муҳофизат аз пойгоҳҳои артиши хӯд ҳам нест, чӣ расад ба ҷабҳаи дохилии Исроил ва шаҳракнишинони саҳюнистӣ.
 
Ба таври куллӣ амалиёти талофиҷӯёнаи Эрон баёнгари вурӯд ба як марҳалаи ҷадид ва як тағири кайфӣ аст, ки чолишҳои пеши рӯи ниҳодҳои тасмимгирии сиёсӣ ва амниятии режими ишғолгарро беш аз пеш ташдид ва фалаҷ мекунад.
 
Иттифоқе, ки афтод алорағми ҳамаи талошҳои Амрико ва Исроил, муодилотро ба нафъи меҳвари Эрон ва муқовимат тағир дод ва имрӯз саҳюнистҳо ба ин фикр мекунанд, ки агар ин ҳаҷм аз мушакҳо ва паҳподҳо аз фосилаи кам ва аз ҷануби Лубнон ба самти Исроил партоб шавад дар сояи нотавонии сомонаҳои падофанди артиши Исроил, чӣ иттифоқе барои ҷабҳаи дохилии ин режим хоҳад афтод?
 
Эрон дақиқ ва фақат фурудгоҳ ва пойгоҳҳои ҳавоии низомиро ҳадаф қарор дод на мардӯмро. Эрон дар пайи гӯстариши низоъ ва ҷанг нест, аммо дар сурати таҷовӯзи низомии Исроил боз ҳам сахттар ва қатеътар посӯх хоҳад дод. Дар ин бора дар номаи намояндагии доимии Эрон ба дабири кулли СММ омадааст.




@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст