Интиқом гирифтани Исроил аз мардуми бегуноҳи Ғазза нодуруст аст.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин,бо ҳушдор дар бораи эҳтимоли густариши ҷанги режими саҳюнистӣ ва Ҳамос ба фаротар аз марзҳои минтақаи ғарби Осиё, бомбаборони Ғазза ва мардум бегуноҳи Фаластинро маҳкум кард.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи чоршанбе ва тайи нишасте дар Кремл бо раҳбарони мазҳабии Русия аз мазоҳиби мухталиф, ҳушдор дод, ки “даргирии Исроил бо Ҳамос метавонад ба фаротар аз Ховари Миёна густариш ёбад” ва гуфт, ки ин иштибоҳ аст, ки занон, кӯдакон ва афроди бегуноҳ дар Ғазза ба далели амалкарди дигарон муҷозот мешаванд.
Путин дар идома бо таъкид бар ин ки “хунрезӣ дар минтақа бояд мутаваққиф шавад” хотирнишон кард, ки дар тамосҳои телефонӣ ба дигар раҳбарони ҷаҳон гуфтааст, ки агар ин кор анҷом нашавад, хатари даргирии бисёр густардатаре вуҷуд дорад.
Бар асоси матни мунташир шуда аз ин нишаст, раисҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт: вазифаи имрӯзи мо, вазифаи аслии мо, таваққуфи хунрезӣ ва хушунат аст. Дар ғайри ин сурат, ташдиди бештари буҳрон, пайомадҳои шадид, бисёр хатарнок ва мухарриберо ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Бинобар гузориши хабаргузории Ройтерс, ӯ бо интиқод аз ғарб таъкид кард, ки бархе аз неруҳои ношинос ба дунболи таҳрики бештари таниш ва кашондани бештари кишварҳо ва мардумони дигар ба ин даргириҳо ҳастанд.
Путин афзуд: ҳадаф аз ин кор роҳандозии як мавҷи воқеии нооромӣ ва нафрати мутақобил, натанҳо дар Ховари Миёна, балки бисёр фаротар аз марзҳои он аст. Барои ин манзур, аз ҷумла талош мешавад, ки бо эҳсосоти миллӣ ва мазҳабии миллионҳо нафар бозӣ кунанд.
Вай тасреҳ кард, ғарб дар ҳоли доманзадан ба нафрати мазҳабӣ ва таассуб бо ҳадафи “эҷоди тафриқа ва тасхир”-и ҷаҳон барои ҳифзи “назми ҷаҳонии ҷадид” аст, ки саранҷоми он, тасаллут ва истеъмор мебошад.
Раисҷумҳури Русия бо баёни ин ки “Маскав ҳамчунон аз роҳи ҳалли 2 давлатӣ барои масаълаи Фаластин ва Исроил дифоъ мекунад” таъкид кард, ки ин танҳо роҳ барои дастёбӣ ба як роҳи ҳалли баландмуддат аст.
Путин бо ин ҳол тасреҳ кард, ки аз назари ӯ, режими саҳюнистӣ иштибоҳ мекунад, ки барои интиқоми ҳамлаи Ҳамос ба бомбаборони Ғазза идома медиҳад, зеро барои онҳо равшан аст, ки афроди бегуноҳ набояд дар қиболи аъмоли дигарон, масъӯл шинохта шаванд.
Интиқомгирии Исроил аз мардуми бегуноҳи Ғазза нодуруст аст
- بازدید: 1379