Идомаи бомбаборони Исроил ба сари занону кӯдакони Ғазза
Ба гузориши манобеи хабарӣ, бинобар эъломи Вазорати тандурустӣ дар Ғазза, дар бисту севумин рӯз аз ҷанги Ғазза, ҳамалоти ҳавоии режими кӯдаккуши Исроил ҳазорҳо кушта барҷой гузошт. Ба гуфтаи ин Вазорат шумори шаҳидони Фаластинӣ ба беш аз 8100 нафар, ки ҳудуди 3200 нафари онҳо кӯдаканд ва теъдоди захмиҳо низ ба беш аз 20000 нафар афзоиш ёфтааст.
Бомбаборон ва куштори бераҳмонаи Исроил ба занону кӯдакони Ғазза муддати 23 рӯз аст, ки идома дорад. Артиши Исроил маконҳои истиқоматӣ, дармонӣ, бозору идорот, калисову масоҷид ва маконҳои маҷрӯҳону оворагони Ғаззаро мавриди ҳадаф қарор медиҳад.
Нерӯҳои режими саҳюнистии Исроил бо чароғи сабз ва кумакҳои Ғарб ба хусӯс Амрико ба ин қатли оми шаҳрвандони ғайринизомии мазлум ва бепаноҳи Фаластин идома медиҳад. Исроил мардуми Ғаззаро наздики 20 сол аст, ки дар муҳосираи комили иқтисодӣ, ғизоӣ, доруӣ ва сӯзишворӣ қарор дода аст. Дар ин аёми ҷанг ҳам обу барқу ва интернети онҳоро қатъ намуда аст, то мардуми дунё ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ аз наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангиашон хабардор нашаванд. Ӯ ба роҳати битавонад занону кӯдакон ва шаҳрвандони ғайринизомии мазлум ва бепаноҳи Фаластинро қатли ом намояд.  
Мо ин иқдоми зидди башарии режими бераҳми Исроилро, ки нақзи ошкори қонун ва муқаррароти байналмилалӣ аст, сахт маҳкум менамоем. Аз тамоми мардуми дунё ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ мехоҳем, ҳарчи зудтар пеши қатли ом ва куштори бераҳмонаи занону кӯдакон ва шаҳрвандони ғайринизомии мазлум ва бепаноҳи Фаластинро бигиранд.  Онҳоро аз муҳосираи иқтисодӣ, ғизоӣ, доруӣ ва зулми Исроил наҷот диҳанд. Бо ёрӣ Шумо инсонҳои бовиҷдон ва дилсӯз, чи бо фарёдамон, моламон ва ҷонамон битавонем як қадам дар роҳи адолат гом бардорем ва дасти мазлум ва бепаноҳеро бигирем то дар зиндагӣ монанди ҳайвонот бераҳму бетафовут бо якдигар набошем.
 
Саъдии Шерозӣ барои Одамони бовиҷдону дилсӯз чунин мегӯяд:
 
Банӣ Одам аъзои як пайкаранд,
 
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
 
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
 
Дигар узвҳоро намонад қарор.
 
Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
 
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст