Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Куҷоянд бародарони мо?
Муқаддима
Дар тақвими исломӣ рӯзи 12- уми рамазон, ҳамчун рӯзи ақди бародарӣ яъне "ақди ухувват" номгузорӣ шуда аст. Ақде ки миёни ҳамаи мусалмонон эҷоди пайванди имониро ба вуҷуд меоварад. Таъкиди фаровоне ба аҳамият ва зарурати ба ҷо овардани ин маросими исломӣ шудааст. Аммо бо вуҷуди ин ҳама аҳамияташ, он аз чашми мусалмонон дур афтодааст ва он гуна ки лозим аст риоят намешавад. Аз ин ки вазифаи бародарони имонӣ дар баробари ҳам чӣ ҳаст ба он таваҷҷӯҳ намешаванд. Вақте инсони мӯъмин ин ҳама таъкиди диниро нисбат ба бародарӣ мебинад ҳазорон пурсиш ва савол дар зеҳнаш ба вуҷуд меояд.
Аз ҷумлаи ин пурсишҳо ин ки бародарони мо куҷоянд? Дар чӣ шароите зиндагӣ мекунанд? Кай суроғашонро гирифта будем? Дар хона ва бо хонаводаи худ ҳастанд ё дур аз онҳо дар муҳоҷират? Ё Худое нокарда дар зиндон ва маҳбусанд ва мо ҳеҷ хабаре аз ҳолу рӯзашон надорем? Агар аз ҳолу рӯзашон хабар надорем ва талош ҳам барои бохабар шудан намекунем, пас чӣ гӯна онҳо бародарамон ҳастанд?. Шояд Ҳазорон пурсиши дигаре дар зеҳну фикри шумо хонандагони муҳтарам меояд.
Бародарони динӣ
Бародарони динӣ ҳамон касоне ҳастанд, ки бо шумо ақди бародарӣ бастаанд. Ин метавонад ба сурати хос миёни ду нафар аз мӯъминон бошад ва ё ба таври умум бо касоне, ки дар дин ва имон бо шумо ҳамақида ҳастанд ва дар воқеъ мусалмон ҳастанд, амалӣ шавад. Худованд дар сураи Ҳуҷурот мефармояд:
«إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ...»
“Мӯъминон бародари якдигаранд." (Сураи Ҳуҷурот, ояти 10)
Онҳо метавонанд бародари насабии шумо бошанд ва ё насабӣ набошанд, аммо бародари имониятон бошанд. Ҳамонанди ҳазрати Мӯсо (а), ки аз Худованд мехоҳад бародари насабияшро, бародари динияш низ қарор диҳад, то бо ҳам дар муқобили душмани Худо, яъне Фиръвн мубориза кунанд. (Сураи Тоҳо, ояти 29 то36). Ҳазрати Мӯсо (а) аз Худованд дархост мекунад, ки бародараш Ҳорунро бародари динӣ ва маърифатияш низ қарор диҳад.
Бародарони динӣ дар воқеъ касоне ҳастанд, ки дар роҳи дини ҳақ бардарони динии худро кӯмаку ёрӣ мекунанад, дар молу дороии худ барои онҳо ҳақ қоил мешаванд, бо вуҷуди ин ки худ дар сахтӣ ҳастанд, (Сураи Ҳашр, ояти9). Дар баҳсҳои тарбиятӣ ва динӣ нисбат ба ҳамдигар дуои хайр мекунанд ва аз Худованд нисбат ба ҳамдигар талаби омӯрзиш мекунанд. (Сураи Ҳашр, ояти 10). Расули Худо (с) фармуданд:
«دعوة الرجل لأخته في ظهر الغيب لا ترد»
"Дуои бародар нисбат ба бародар дар ғиёби (дар пушти сари) ӯ рад нашавад."
Аз нигоҳи дин бародарон монанди ду даст ҳастанд, ки ниёз ба ҳам доранд ва ҳар даст ба танҳоӣ короии чандоне наметавонанд дошта бошанд, балки дастон бояд дар канори ҳам қарор гиранд, ки битавонанд кореро анҷом диҳанд. Пас бародарони динӣ дар канори ҳам метавонанд ба мушкилоти пешомада ғалаба кунанд ва дасти якдигарро бигиранд.
Расули Худо (с) фармуданд:
«مثل الأخوين مثل اليدين تغسل إحداهما الأخرى»
"Бародарӣ динӣ, ҳамонанди ду дастанд, ки ҳар кадом дигареро мешӯяд." Эҳёи улуми дин, Муҳаммади Ғазолӣ, ҳуққуи бародарӣ).
Дар баҳси бародарони имонӣ руҳҳо ва қалбҳо бешатр бо ҳам ҳастанд, то ин ки ҷисмҳо ва баданҳо канори ҳам қарор гиранд. Дар чунин ҷой инсон наметавонад нисбат ба бародарони худ бехиёлу бетафовут бошанд. Аз фироқ ва дурии ҳамдигар месӯзанд, дар мушкилоти ҳамдигар шариканд ва аз худ мепурсанд, бародарони мо куҷоянд? ва дар чӣ шароите ҳастанд?.
Бародарони имонӣ дар каломи Ҳазрати Алӣ (к)
Илова бар бародари динӣ, ки Қуръон ба таври умум мефармояд, мӯъминон бародари ҳамдигаранд, дар миёни бародарон баъзеҳо бомаърифаттар ва бовафотар ҳастанд, ба сухани беҳтар онҳо бародари ҳақиқӣ ва воқеъӣ ҳастанд ва мисдоқ ва намунаи комили ҳамон чизе ки Қуръон гуфтааст. Яъне "мӯъмимонон бародари ҳамдигаранд."
Ҳазрати Алӣ (к) вақте аз бародарони худ суханоне мегӯяд, бо ҷумлаҳои бисёр ғамангез, таъбирҳои дардовар ва ҷонсӯзу ҷонгудоз аз онҳо ёд мекунад:
Куҷо ҳастанд бародарони ман, ки бар роҳи ҳақ рафтанд ва бо ҳақ аз дунё рафтанд? Куҷост Аммор? Ва куҷост писари Тайҳон? (Молик ибни Тайҳони Ансорӣ) ва куҷост Зу-шаҳодатайн? (Хузайма ибни Собит, ки Паёмбар (с) шаҳодати ӯро ду шаҳодат донист) ва куҷоянд ҳамонанди онон аз бародаронашон, ки паймони ҷонбозӣ бастанд ва сарҳояшонро барои ситамгарон, фиристоданд? (Сипас ҳазрати Алӣ(а) даст ба риши муборак бурд ва замони тӯлонӣ гирист ва фармуд:)
Дареғо! Аз бародаронам, ки Қуръонро хонданд ва бар асоси он қазоват карданд, дар воҷиботи илоҳӣ фикр карда ва онҳоро бар по доштанд, суннатҳои илоҳиро зинда ва бидъатҳоро нобуд карданд, даъвати ҷиҳодро пазирифта ва ба раҳбари худ боварӣ карда ва аз ӯ пайравӣ карданд. (Наҳҷулбалоға, хутбаи 182).
Худи ҳамин ҷумла, ки "Куҷо ҳастанд бародарони ман, ки бар роҳи ҳақ рафтанд ва бо ҳақ аз дунё рафтанд?" Ба қалб ва рӯҳи инсон эҳсоси алоқа, отифа, ишқу муҳаббат нисбат ба бародараш медиҳад ва чунин инсоне бародарашро ҷузве аз вуҷуди худ эҳсос мекунад. Чаро ки онҳо дар роҳи ҳақ ҳасатнд ва то поёни умр бар он вафодор мемонанд. Дар инҷо Ҳазрати Алӣ (к) ба унвони намуна чанд нафар аз онҳоро ном мебарад, ки дар ҷаҳони Ислом ва дар ҳадисҳои Паёмбар(с) сунбули ҳақиқат ҳастанд. Аммори Ёсир, Молик ибни Тайҳони Ансорӣ ва Хузайма ибни Собит (рз), инҳо бародароне ҳастанд, ки ҳеҷгоҳ дар баробарои ҳақ кӯтоҳи накардаанд ва гоҳ ҳаққу ботил бо онҳо санҷида мешавад. Яъне ҳар касе бар зидди онҳо бошад ситмагар ва бар инҳироф аст. Ин афрод бародароне ҳастанд, ки дар зулми золимон қарор гирифтанд ва ба ноҳақ кушта шуданд ва сарҳои муборакашон барои золимон фиристода шуд.
Набуди ин бародарон ва дигароне, ки дар зулми золимон гирифтор шуданд, қалб ва рӯҳи Алӣ (к)-ро месӯзонад ва дар фироқи чунин бародароне шадидан месӯзад ва гиряву зорӣ мекунад.
Инҳо бародарни имонии Ҳазрати Алӣ (к) ҳастанд, ки аз фироқи онҳо дареғу ғусса мехӯрад ва суроғашонро мегирад. Ин ки чаро Ҳазрати Алӣ (к) чунин мегӯяд, ки куҷоянд бародарони ман? Ва чаро аз чанд нафар ёд мекунад, ба хотири он аст, ки дигар бародарони динӣ вазифаи худро фаромӯш карда буданд ва нисбат ба бародарони худ бетаваҷҷӯҳ буданд, вазифаи бародариро риоят намекарданд. Дар воқеъ бо ёдоварӣ аз бародарони бовафо ва ксоне, ки дар аҳду паймони худ то поёни умр содиқона истоданд, мехоҳад аз дигарон шикоят куанд, ба хотири фаромӯш кардани ҳуқуқи бардарони худ.
Дар ин ки чаро мӯъминонро Қуръону ҳадис ба бародар ташбеҳ кардааст? Метавон гуфт:
Унсур ва асоси бародарӣ ин аст, ки манбаи тағзия ва баҳрамандии онҳо яке аст. Ба ду ё чанд нафаре, ки аз як манбаъ баҳраманд ва тағзия мешаванд (ғизо мехӯранд) чи он тағзия моддӣ бошад ва чи маънавӣ, ки аз ин роҳ рушд мекунанд, бародар гуфта мешавад. Унсури дигар ин ки дар зери як сақф ва дар зери чатри ҳимояти як манбаъ ҳастанд. Ду фарде, ки аз як модар шир мехӯранд ва зери ҳимояти як хонавода ҳастанд, ба онҳо бародар гуфта мешавад. Бародари динӣ ҳам чунин аст, онҳо аз як манбаъ тағзия мешаванд, тағзияи маънавӣ аз ҷониби Худованди Мутаол ва ҳамчунин зери ҳимояти Худованд ҳастанд, пас ба онҳо низ бародар гуфта мешавад. Ҳамон тавре ки ду бародар аз як манбаъ баҳраманд мешаванд, (шири модар мехӯранд), ки боиси рушдашон мешавад, бародарони динӣ ҳам аз як манбаъ баҳраманд мешаванд (онҳо дар дину имон бародари ҳам ҳастанд ва манбаи тағзияаашон ҳамон башишу раҳмати Худованди Мутаол аст, ки боиси рушдашон мешавад).
Ёди бародарони динӣ инсонро рушд медиҳад, ба ёди Худованд меандозад. Ҳазрати Алӣ (к) мефармояд: Дар гузашта бародари диние доштам (Гуфтаанд, ки Абӯзар ё Усмон ибни Мазъун), ки дар чашми ман бузургвор буд, чун дунёи ҳаром дар чашми ӯ беарзиш буд ва аз шикампарастӣ дур буд.... ( Наҳҷулбалоға, Ҳикмати 289).
Бузургвории ин фард ба хотири он аст, ки ӯ бандаи воқеъӣ барои Худованд аст, ки дидан ва ёди ӯ он инсонро ба ёди Худо меандозад.
Бародарони динӣ ва имонӣ бо вуҷуди ин ду унсур (Тағзия ва ҳимоят) дар канори ҳам қарор мегиранд ва ин ҳам барои замон ва даврони хоссе нест, то замоне ки ин ду унсур вуҷуд дошат бошад, онҳо бародарони ҳамдигар ҳастанд. Ин як амри ҷабрӣ аст, дар ихтиёри инсон нест, ки худ интихоб кунад. Имрӯз ҳам ин бародарӣ миёни мӯъминон ҳаст ва хоҳад буд, набояд фаромӯш шавад. Ҳар фарди мусалмоне имрӯз бояд аз худаш бипурсад, ки бародарони мо куҷоянд? Ва дар чӣ шароите ҳастанд? Накунад, бародарони мо ҳам имрӯз ҳамонанди он касоне, ки Ҳазрати Алӣ (к) аз онҳо ном бурда аст, гирифтори зулми золимон бошанд?. Агар гирифтори зулми золимон бошанд, вазифаи ҳар фарди мусалмон аст, ки ба гирифториҳои онҳо расидагӣ кунанд. Агар гирифтори мушкилоти зиндагии иқтисодӣ ва маишатӣ ҳастанд, вазифаи бародарони динияшон аст, ки дасти онҳоро бигирад ва кӯмаку ёрияшон кунад.
Натиҷаи баҳс
Ба унвони натиҷаи баҳс метавон гуфт; бародарони мо куҷоянд? баҳсест динӣ ва пурсишест, бархоста аз умқи вуҷуди як фарди мӯъмин, ки рӯҳи имон ӯро водор ба чунин пурсише аз худ мекунад. Мусалмонон таклиф ва вазифаи шаръӣ доранд, ки аз худ нисбат ба бародарони динияшон бипурсанд ва виҷдони худро қозӣ қарор диҳанд ва аз ин роҳ худро аз ҳолати бетафовути нисбат ба бародарони худ берун кунанд. Ҳар фарде, ки ду унсурӣ, манбаи тағзия ва ҳимоятияшон яке бошад, бародари ҳам ҳастанд. Ба хотири ин ки ин ду манбаи мӯъминон яке аст ва он Худованди Мутаол аст, пас мӯъминон бародарони ҳамдигар ҳастанд ва нисбат ба ҳам дорои ҳаққу ҳуқуқ ҳастанд.