Иди мабъаси Паёмбар (с) муборак.

Рӯзи мабъас рӯзи фахри анбиёст

Мустафо нурун ало нури Худост

Иди мабъас ваъдагоҳи кибрёст

Растагорй, муждагони Худост

Иди мабъас ваъдаи қолу баолст

Сирри макнуноти ҳасти бар малост

Бар дили каъба танини ин навост

Ё расулаллоҳ лафзи кимиёст

Рӯзи мабъас мабдаи ишқу сафрст

Ҷилвагоҳи мазҳари нури ҳудост

Ё расулаллоҳ зикри мосивост

Ваъдагоҳи ишқ бози бо Худост

Мустафо ойинаи меҳру вафост

Қалби ӯ бо рӯҳи қуръон ошност

Нури ӯ афзун зи нури анбиёст

Сарварияш бар ҳама олам равост

Бар лаби пайки Худо шӯру навост

Лафзи ҳотам дар аснои ӯ хатост

Киштии ӯ мамани шоҳу

гадост

Соҳилаш матлуби асҳоби ризост

Ҳарчи бошад ӯ расули кимиёст

Ӯ шафиъи рӯзи фардои шумост

Зикри рӯзи мабъасам ё мустафост

Ё расулаллоҳ мадад зикри Худост.

Иди мабъас муборак

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст