Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳазрати Расулуллоҳ (с) дар каломи Ҳазрати Алӣ (рз)

          Ҳазрати Алӣ (рз) вақте Пайғамбар (с)-ро тавсиф мекунад, ба вижагиҳои бисёр муҳим ва асосии он Ҳазрат (с) такид мекунад. Дар инҷо ин ба як вижагии ҳидоятӣ ва як хислати таблиғии он Ҳазрат ишора мешавад, ки бисёр қобили таваҷҷӯҳ ва лозим аст амиқан диққат шавад.

          Ҳазрати Алӣ (рз) дар як хутбаи худ вақте Пайғамбар (с)-ро тавсисф мекунад ба дилсӯзи ва меҳрабонии ӯ нисбат ба башарият таъкид мекунад. Пайғамбар (с) табиб ва пизишке аст, ки ба дунболи маризоне аст, ки ниёзи шадид ба табобати табобати рӯҳ ва ҷонашон доранд. Рисолати он Ҳазрат муолиҷаи рӯҳ ва ҷони инсонҳост ва баён мекунад, "طبیب دوّار بطبّه" ӯ табиби бемори ҷаҳлу хурофот аст. Табибе аст, ки ба инсони ҷоҳил муроҷиат мекнунад ва ӯро табобат мекунад. Ахлоқи бад ва пастро табобат ва инсонро ба инсонияти худ огоҳ ва ошно мекунад. Ӯ бо дар даст доштани абзори табобат ба дунболи маризон мегардад ва ҳамвора дар сайру гардиш аст, то маризонро шиносоӣ кунад. Монанди дигар табибон нест, ки маризон ба ӯ муроҷиат кунанд, балки худ пешқадам мешавад ва ба дунболи шиносоӣ аст. Ӯ медонад, беморонеро, ки қарор аст табобат кунад, маризияшон ҳамонанди вируси гузаранда аст, ки агар раҳо шавад башариятро фаро мегирад ва он беморӣ худфаромӯшӣ ва Худо фаромӯшӣ аст, лизо бояд шиносоӣ ва табобат шаванд, то дигаронро вирусӣ накунанд. Ӯ барои дармони бемории гумроҳон ва ҷоҳилон худро муаррифӣ мекунад ва худро вазифадор медонад, ки ин беморонро табобат кунад, ӯ нодонӣ ва худфаромӯширо, ки Худо фаромӯшӣ ҳам ҳаст аз ҳар беморӣ бадтар медонад, ки башарро нобуд мекунад.

          Ҳазрати Алӣ (рз) мефармояд:

"...وَ مِنْهَا طَبِیبٌ دَوَّارٌ بِطِبِّهِ قَدْ أَحْکَمَ مَرَاهِمَهُ وَ أَحْمَی مَوَاسِمَهُ یَضَعُ ذَلِکَ حَیْثُ الْحَاجَةُ إِلَیْهِ مِنْ قُلُوبٍ عُمْیٍ وَ آذَانٍ صُمٍّ وَ أَلْسِنَةٍ بُکْمٍ مُتَتَبِّعٌ بِدَوَائِهِ مَوَاضِعَ الْغَفْلَةِ وَ مَوَاطِنَ الْحَیْرَةِ..."  

         Ӯ {Пайғамбар} табибе аст, ки бо табобати худ пайваста дар гардиш аст, марҳам (даво) ва дорӯҳои худро ба хуби омода сохта ва абзори доғ карданро (барои сузондан ва дармони захмҳо) омода кардааст, то ҳарҷо ки ниёзе ба табобат дошта бошад, бигузорад; бар дилҳои кур, бар гӯшҳои кар ва забонҳои гунг. Ӯ бо доруҳои хеш беморони ғафлатзада ва саргардонро расидагӣ ва дармон мекунад, ҳамон инсонҳое, ки аз фурӯғи ҳидоят ва ҳикмат баҳрае нагирифта ва андешаи худро ба нури ҳидоят ва аъмоқи ҷони худро равшанӣ набахшидаанд.

            Шарҳи хутба

          Табиби даввор яъне табиби саёре, ки ҳамвора дар ҳоли ҳаракат ва ба дунболи ҷустуҷӯи бемороне, аст ки ниёз ба дармон доранд. Ин сифати табибе аст, ки дилсӯзона ба суроғи беморон меравад, он даста аз бемороне, ки аз бемори ҷисмӣ фарқ доранд. Ин беморон касоне ҳастанд, ки дар асари гуноҳ ва ҳавову ҳаваспарастӣ ва ғафлат, чашми дилашон нобино ва гӯшашон ношунаво шуда паёми ҳақро намегиранд ва забони гӯё барои зикри ҳақ надоранд. Табобати ин гуна афрод ба маротиб аз беморони ҷисмӣ сахттар аст.

          Мароҳим, мароҳим ва ҷамъи марҳам ба маънои доруҳои нарме аст, ки ба захмҳои ҳалоккунанда гузошта мешавад. Ин ишора ба он дорад, ки дониш ва тахасусе, ки дар назди он ҳазрат ҳаст, ҳамаи башарияти ба он ниёзманд аст ва ғайр ӯ касе ин дониш ва тахассусро надорад, то он беморонро дармон кунад.

          Мавосим, ҷамъи мавсам ба маънои абзоре, аст ки бадани инсон ва ё ҳайвонеро, ки захмдор аст бо он доғ мекунанд, то беҳбуд ёбад. Яъне Пайғамбар (с) бо овардани аҳакоми шаръӣ барои башар ва иршоду таълими онҳо, рӯҳи инсонро табобат мекунад, ҳамонанди табибе ҳозиқе, ки медонад куҷои ҷисми инсон мариз аст ва чи давое барои табобати он лозим аст ва чи гуна бояд муолиҷа шавад. Ҳазарти Алӣ (рз) мегӯяд, Пайғамбар (с) барои муолиҷаи рӯҳ ва ҷони инсонҳо тамоми абзори ҳидоят ва табобатро ҳамроҳи худ дорад.

          Самам, ба таври маҷозӣ барои касе, ки мавъиза ва иршод дар гӯшаш асар намегузорад ва баҳрае аз он намебарад, вожаи букм лол, яъне касоне аст, ки забонаш ба ончи шойиста ва матлуб аст, гӯё набошад, касе ки ёд ва зикри Худо накунад.

           Ниёзи башар ба ин гуна табобат

         Ниёзи инсон ба табиби рӯҳонӣ ва ба касе, ки рӯҳи инсонро табобат мекунад; ки будан ва чи буданашро барояш ёдовар мешавад, ба маротиб беҳтар ва бартар аз табибе аст, ки ҷисм ва баданашро табобат мекунад, зеро бартараф кардани маризиҳои ҷисмонӣ барои боқи мондан дар зиндагӣ маҳдудаи дунё аст; вале бартараф кардани бемориҳои рӯҳӣ ва наҷоти инсон аз ғафлат, ҳасад, гумроҳӣ барои дарки зиндагии дунё ва охират аст, барои дарки ин ки инсонияти худро бидонад ва бишносад. Маризие ки инсон аз боварҳояш дар зиндагӣ мутаҳаммил мешавад аз бемориҳои баданаш чунин намешавад.

             Тафовути табобат Пайғамбар (с) бо дигарон

         Пайғамбар (с) ва олимони динӣ табобаташон бо дигарон фарқ дорад. Дар ҳамаи ҷои ҷаҳон табибон ва пизишконе, ки ҷисми физикии инсонро табобат мекунанд, маризҳо ба онҳо муроҷиат мекунанд ва онҳо дар дармонгоҳи худ ба интизор менишинанд, то беморон ба онҳо муроҷиат кунанд, аммо Пайғамбар (с) ба суроғи беморон меравад, то дармонашон кунад. Табобат ва дармони Пайғамбар (с) аз бемаъноӣ аст, инсоне, ки дар зиндагӣ эҳсоси маъно накунад ва дар ғафлат басар барад аз ҳайвон ҳам пасттар мешавад, оё маризтар аз касоне, ки зиндагии ҷоҳилона доранд, метавон пайдо кард? Оё бемортар аз касе, ки худро залил карда ва иззати худро нодида гирифтааст метавон пайдо кард? Оё бемиқдортар ва беарзиштар аз касе, ки худро аз таълимоти Пайғамбр (с) дур карда аст ва бо ифтихор шайтонпараст ва ҳамҷинсгаро шудааст метавон пайдо кард?

           Пайғамбар (с) омад, то инсон аз худ пасттаро аз худ беҳтар надонад, Ӯ роҳи наҷот аз пучӣ ва бемаъноиро меомӯзад, табобати он Ҳазрат (с) ҳидоят аст, баргардонидани инсоният дар ҷомеаи инсонӣ аст. Инсон бо ҷисм ва бадани мариз метавонад растагор шавад ва бандагӣ Худоро кунад, вале бо боварҳои гумроҳ, рафторҳои зишт, ба ҳайвони табдил мешавад, ки ба ҷуз дурӣ за Худо ба ҷои дигаре намерасад. Пас табобати рӯҳӣ беҳтар аст, бар табобати ҷисмӣ ва инсони табобатёфта бо тарбияти Пайғамбар (с) худ табибе мешавад, ки дигарон бо таълимоти ӯ табобат меёбанд.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст