چاپ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳикояти пандомӯз

Имон ба Худо

           Ба Буҳлул гуфтанд: Бо ин маоши кам зиндагият чӣ гӯна мегузарад?

          Посух дод:  Худоро шукр, каму беш зиндагӣ мегузарад, месозем.

         Гуфтанд: Мо ки бегона нестем, ба касе намегӯем, ки нороҳат шавед.

        Посух дод: Қаноат мекунем, гоҳе корҳои дигар ҳам мекунем ва зиндагиро мечархонем. Худо бузург аст ва намегузорад гурусна монем, дастамон холи нест.

       Гуфтанд: Росташаро бигӯ? Посух дод: Як ҷуре ҳал мешавад, Худо розиқ аст.

      Гуфтанд: Мо ки номаҳрам нестем, ростшро бигӯ?

      Посух: Шумо фикр кун, як тоҷири яҳудӣ дар бозор аст, ки ҳар моҳ миқдоре пул медиҳад, кӯмаки харҷи зиндагиям мешавад.

     Гуфтанд: Ҳоло шуд, пас аз ҷой дастатро мегиранд, чаро аз аввал нагуфтӣ?

    Буҳлул посух дод: Беинсонфҳо се чоҳор бор гуфтам Худо мерасонад, бовар накардед, вале як бор гуфтам як тоҷири яҳудӣ мерасонад, бовар кардед.

     Яъне Худо ба андозаи як тоҷири яҳудӣ назди шумо эътибор надорад?

     Гоҳи фикр мекунем, ба Худо мӯъминем, аммо ҳануз хуб дарк накардаем ва хуб боварамон нашудааст, ки Худо рӯзиро мерасонад ва намегузорад, ки дастамон холӣ монад. Бо арзи таассуф ҳавосамон нест, ки барои Худо ба андозаи як фарде, ки умед ба ӯ дорем, умедвор бошем.

بازدید: 1212