Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ин ҳамон тифлак аст.
Ҳазари Юсуф (а) ҳангоме, ки азизи Миср шуд, замоне ки қаҳти ва гуруснагӣ ин сарзаминро фаро гирифта буд. Ӯ бо тадбири ҳакимона боис шуд, ки мрдуми ин сарзаминро аз қаҳтӣ ва гуруснагӣ наҷот диҳад. Ӯ рӯзона барои мардум гандум медод. Як аз рӯзҳо ҷавоне омад ва се бор гандум бурд. Ҳазарти Юсуф (а) он ҷавонро зери чашм нигоҳ мекард, бори севум ба ҷавон гуфт: Эй бародар ба мардум як бор гандум намерасад ва ту чанд бор аст, гандум мебарӣ, бас кун дигар, ҳанӯз мардуми муҳтоҷ бисёр аст. Ҳазарати Ҷабрайл (а) ки канори Юсуф (а) истода буд гуфт: Оё ӯро мешиносӣ?
Юсуф (а) посух дод, на намешиносамаш; намедонам кист.
Ҷабрайл (а) гуфт: Эй Юсуф! Ин мрад бо ин либоси кӯҳна ва пой бараҳна ҳамон шоҳиде аст, ки туро аз иттиҳом наҷот дод. Ин ҳамон тифлаке аст, ки мавқеи туҳмат задани Зулайхо шаҳодат ба покдомании ту дод!
Юсуф (а) ба мамурони худ гуфт: Биравед ва он ҷавонро биёваред.
Навҷавонро оварданд, Юсуф (а) ӯро дар оғуш гирифт ва амр намуд, ки бар рӯӣ ин навҷавон дарвозаҳои хазонаро боз куананд, ҳар чи қадар метавонад гандум бардорад. Сипас ба мамурони худ гуфт барои ӯ либос ва кафш биёоаваранд, ба ӯ пул ва шуғли муносиб бо ақлу фаҳмаш бидиҳанд ва ҳуқуқе ҳам барояш дар назар бигиранд.
Ҷабрайл (а) таъаҷуб кард, Ҳазрати Юсуф (а) гуфт: Чи шуд? Ҷабрайл (а) гуфт: Карам ва бахшиши Худо маро дар ҳайрат андохт, оҳ аз дарунам берун омад, чун касе бар ту шаҳодати бар ҳақ дод, бубин барои ӯ чӣ кор кардӣ? Он вақт бандагонӣ Худо ки як умр мегӯянд:
«أشهد أن لا اله الا الله»
Ва шаҳодат бар ягонагии Худо медиҳанд, Худо дар дунё ва қиёмат барои онҳо чӣ хоҳад кард?
Худованд дар ин ҳангом ба Ҳазарти Юсуф (а) ваҳй кард; ки эй Юсуф ту як банда ҳастӣ, як нафар шаҳодат ба покдоманият дод, тамоми хазонаҳоро барояш боз кардӣ ва агар касе шаҳоадт ба ягонагии ман диҳад чӣ барояш хоҳам кард?
Шумо як бор фикр кунед, дороӣ ва хазонаҳои Юсуф (а) куҷо ва дороии Худованд, ки Парвардигори ҷаҳони ҳастӣ аст, куҷо?
Хазоанҳои Худо поённопазир аст, ҳатто касонеро ки ба ягонагии Ӯ шаҳодат намедиҳанд, ҳам медиҳад, фаровон ҳам медиҳад.
Пас биё ба ягонагӣ Аллоҳ шаҳодат диҳем ва бигӯям:
"أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ، وَأَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ"
»Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу«.
Тарҷума «Гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз Аллоҳ дигар маъбуде нест, ва гувоҳӣ медиҳам, ки Ҳазрати Муҳаммад (с) банда ва расули Аллоҳ аст».
Ва дар шадоҳати худ содиқона биистем, ва ҳеҷ гоҳ аҳдшикан набошем.