20 моҳи мубораки Рамазон: Фатҳи Макка
Пас аз гузашти бисту ду моҳ (соли ҳаштуми ҳиҷрӣ) аз паймони сулҳи Ҳудайбия (соли шашуми ҳиҷрӣ) Қурайш бо ҳампаймони худ Банӣ Бакр дар куштани 23 тан аз Банӣ Хузоа, ки ҳампаймони мусулмонон буд, шарик шуд.
Ин кори Қурайш ба маънои шикастани паймон буд, зеро Қурайш ва Расули Худо(с) бояд бар зидди ҳампаймонони якдигар ҳамла намекарданд.
Ҳарчанд ҳамаи Қурайш оқибати бади ин паймоншиканиро намефаҳмиданд, вале сарони он аз ҷумла Абӯсӯфён хуб медонист, ки Расули Худо(с) ин гуноҳи Қурайшро намебахшад.
Аз соли шашум то ҳаштуми ҳиҷрӣ теъдоди мусулмонон зиёд шуда ва қудрати яҳудиён дар Мадина аз байн рафта буд. Ҳоло фурсати хубе буд, ки Расули Худо(с) кори мушрикони Қурайшро тамом кунад.
Абӯсӯфён барои пешгирӣ аз ҳамлаи мусулмонон ба Мадина рафт, дар ҳоле ки пеш аз ӯ чиҳил нафар аз Банӣ Хузоа ба Мадина рафта ба Расули Худо(с) аз паймоншикании Қурайш шикоят карда буданд.
Расули Худо(с) баъд аз шунидани шикояти Банӣ Хузоа ба ҳадде ғазабанок шуд, ки ҳазрати Оиша(р) мегӯяд, ки Расули Худо(с)-ро ҳеҷгоҳ ғазабноктар аз он рӯз надида будам. Паёмбари Акрам фармуд: Худованд маро ёрӣ накунад агар Банӣ Каъб –Хузоиён -ро ёрӣ накунам. Ҳазрат ин хатои Қурайшро хости Худованд донист, ки натиҷаи он фатҳи Макка аст.
Вақте Абӯсӯфён чанд нафар аз қабилаи Хузоиро дар роҳ дид фаҳмид, ки хабар ба Мадина расидааст. Худаш ба Мадина рафт.
Расули Худо(с) фармуд: Магар ҳодисае рух додааст?
Абӯсӯфён инкор кард.
Расули Худо(с) фармуд: Мо бар паймони худ ҳастем.
Бо ин суханаш фаҳмонд, ки паймонро дигар намекунад.
Абӯсӯфён барои расидан ба мақсадаш ба хонаи духтараш Умми Ҳабиба (р) рафт, ки ҳамсари Расули Худо(с) буд, вале духтараш гуфт: Ту мушрик ва наҷис ҳастӣ! Ба ӯ иҷозат надод, ки бар фарши Расули Худо(с) бишинад. Аз бутпарастии Абӯсӯфён танқид кард.
Абӯсӯфён боз ҳамон ҷавоби куҳнаро дод, ки оё аз дини падаронам рӯй гардонам ва дини Муҳаммадро бипазирам.
Сипас назди Фотимаи Заҳро(с) ва Алии Муртазо(к) рафт ва аз онон дархости ҳимоят кард. Он ду бузургвор гуфтанд: Ихтиёри ин кор ба дасти Расули Худо(с) аст.
Ҳазрати Алӣ(а) ба ӯ гуфт: Роҳи чораи ту ин аст, ки дар миёни мардум худат бархезӣ ва дархости ҳимоят кунӣ ҳарчанд медонам, ки ин кор ҳам бароят ҳеч фоидае надорад. Абӯсӯфён гуфтаи ҳазрати Алиро анҷом дод, вале бе ҳеч натиҷае ба Макка баргашт ва бо Қурайш мунтазири хабарҳои нав монд.
Расули Худо(с) ба ҳамаи мусулмонон паём дод, ки ҳар кас ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад, дар моҳи Рамазон дар Мадина ҷамъ шавад. Дар асари ин даъват даҳ ҳазор нафар ҷамъ шуданд. Онҳо ҳанӯз аз мақсади Расули Худо(с) хабар надоштанд.