چاپ

12-уми моҳи мубораки Рамазон - Паймони бародарӣ
Ислом ба унвони дини ҳаётбахш ва саодатофарин ҳамеша инсонҳо махсусан мӯъминонро ба ваҳдату муҳаббат ва болотар аз он ба бародарӣ ва сулҳу ҳамзистии мусолиматомез фаро хондааст. Қуръони Карим дар ояти 10 сураи Ҳуҷурот мефармояд: “Мӯъминон бародари якдигаранд пас миёни ду бародари динӣ сулҳу оштӣ барқарор кунед” .
Паёмбари Акрам(с) аз оғози даъват ба масъалаи бародарии динӣ диққати хоссе дошт ва онро омили муҳиме барои аз байн бурдани куфру ширк ва эҷоди ҷомеаи солими исломӣ медонист. Ҳазрат пас аз ҳиҷрат ба Мадинаи Мунаввара рӯзи дувоздаҳуми моҳи мубораки Рамазони соли аввали ҳиҷрии қамарӣ ба дастури Парвардигори Мутаол, миёни "муҳоҷирон" ва "ансор" паймони бародарӣ баст ва онҳоро бародари динии якдигар эълом намуд” .
Маъмулан миёни асҳоб афроде, ки бо ҳам аз ҷиҳати афкору андеша ба ҳам наздик буданд ва собиқаи дӯстиву рафоқат доштанд, расман бародари якдигар мешуданд. Масалан ҳазрати Абӯбакр бо Умар, Талҳа бо Зубайр, Усмон бо Абдураҳмон, Абӯмасъуд бо Абӯзар, Салмон бо Ҳузайфа, Миқдод бо Аммор (Худо аз онҳо розӣ бод). Дар ин паймони бародарӣ, ки миёни ду нафар иҷро шуд Расули Худо (с) бо ҳазрати Алӣ (к) паймони бародарӣ баст. Дар Сунани Тирмизӣ дар ривояти 3741 омадааст:
عن ابن عمر قال: آخی رسول الله صلی الله علیه و سلم بین اصحابه فجاء علی تدمع عیناه فقال: یا رسول الله آخیت بین اصحابک و لم تؤاخی بینی و بین احد فقال له رسول الله صلی الله علیه و سلم: أنتَ أخی فی الدنیا و الآخرة
Аз Ибни Умар нақл шудааст, ки гуфт: Расули Худо (с) асҳобашро бо ҳам бародар кард. Ҳазрати Алӣ дар ҳоле ки ашк дар чашмонаш буд назди Расули Худо (с) омад ва гуфт: Эй Расули Худо, асҳобатро бо ҳам бародар кардӣ, вале маро бо касе аз онҳо бародар накардӣ? Расули Худо (с) фармуд: “Ту бародари ман дар дунё ва охират ҳастӣ”.
Худи ҳазрати Алӣ(к) борҳо фармуд: “Ман бандаи Худо ва бародари Расули Худо(с) ҳастам. Ин ҷумларо ҷуз дурӯғгӯ пас аз ман касе иддао нахоҳад кард.”
Дар Сунани Ибни Моҷа дар ривояти 120 мехонем:
عن عباد بن عبدالله قال: قال علی: انا عبدالله و اخو رسول الله صلی الله علیه و سلم و انا الصدیق الاکبر و لا یقولها بعدی الا کذاب صلیت قبل الناس بسبع سنین
Ҳазрати Алӣ гуфт: Ман бандаи Худо ва бародари Расули Худо (с) ҳастам. Ва ман Сиддиқи Акбар ҳастам, ки баъд аз ман ҷуз дурӯғгӯ онро барои худ намегӯяд (ва иддао намекунад). Ман ҳафт сол пеш аз мардум намоз гузордам.
Дуруду раҳмати Худо бар Расули Худо ва бародараш ва аҳли байти атҳораш ва саҳобагони ахёраш бод!
Имрӯз ҳам яке аз масъалаҳои муҳимми уммати исломӣ қавӣ кардани рӯҳияи бародарӣ ва ҳамкорӣ дар миёни мусулмонон аст. Худованд ба Ислому мусулмонон иззату нусрат диҳад ва душманони ҳаққу ҳидоятро нобуд кунад!

بازدید: 1078