Даҳуми моҳи мубораки Рамазон реҳлати ғамангези Уммулмӯъминин ҳазрати Хадиҷаи Кубро (рз)
Ҳазрати Хадиҷаи Кубро аввалин ҳамсари ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) ва аз бонувони бузурги олам аст. Падараш Хувайлид ибни Асад ва модараш Фотима бинти Зоида буд.
Шуғли ин бонуи солиҳа пеш аз издивоҷ бо Расули Аъзам(с) тиҷорат ва назди тоҷирони он замон ба унвони тоҷири амину солим шинохта шуда буд.
Абӯтолиб амӯи гиромии ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с), ки сарпарастии он ҳазратро бар ӯҳда дошт ба эшон пешниҳод кард то бо сармояи Хадиҷа тиҷорат кунад ва он ҳазрат ҳам пазируфт.
Ҳазрати Хадиҷа(рз) овоза ва шӯҳрату амонатдорӣ, ростгӯӣ ва макорими ахлоқи ҳазрати Муҳаммад(с)-ро шунида буд. Аз ин рӯ аз ин пешниҳод бо хушнудӣ истиқбол кард.
Майсара ғуломи ҳазрати Хадиҷа(рз) баъд аз чанд сафари тиҷорӣ шигифтиҳои ахлоқӣ, амонатдорӣ ва баракати ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с)-ро, ки дар ин сафар дида буд ба Хадиҷа бозгӯ кард.
Ин шинохт сабаби алоқаманд шудани ҳазрати Хадича барои издивоҷ бо он ҳазрат шуд. Хутбаи никоҳи онҳоро амӯи фидокораш Абӯтолиб хонд. Дар он замон ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) биступанҷсол ва ҳазрати Хадиҷа чиҳилсол доштанд.
Ин бонуи хирадманд баъд аз издивоҷ тамоми сарвати худро дар ихтиёри ҳазрати Муҳаммад(с) гузошт ва ба унвони ёри мушфиқ ва ҳамдами муносиб ва ёвари фидокори эшон дар амалӣ намудани барномаҳояш кӯмак мекард. Ҳазрати Хадиҷа (рз) ба ҳазрати Муҳаммад (с) гуфт: Хона хонаи ту, мол ва дороӣ дар ихтиёри ту ва ман канизи ту ҳастам.
Ҳангоме ки ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) дар ғори Ҳаро машғули ибодат ва эътикоф буд ҳазрати Хадиҷа ӯро ташвиқ ва ҳимояти маънавӣ мекард. Вақте он ҳазрат ба паёмбарӣ баргузида шуд ҳазрати Хадиҷа аввалин зане буд, ки ба рисолат ва даъвати Расули Худо(с) имон оварда тасдиқ кард ва дар канори ӯ ҳамаи сахтиҳоро таҳаммул намуд ва бартарафкунандаи ғаму андӯҳи Расули Худо(с) шуд. Он ҳазрат ҳамроҳи Паёмбари Аъзам(с) ва ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб(к) аввалин намози ҷамоатро дар канори хонаи Худо барпо намуданд.
Ин пайванди муборак беш аз 24 сол идома ёфт ва ҳосили он ду писар ба номҳои Қосиму Абдуллоҳ ва чор духтар ба номҳои Зайнаб, Умми Кулсум, Руқайя ва Фотимаи Заҳро буд. То замоне ки ҳазрати Хадиҷа дар синни 65 солагӣ аз дунё рафт Расули Худо (с) ҳамсари дигаре нагирифт.
Ҳазрати Хадиҷаи Кубро се сол сахттарин шароит –муҳосираи иқтисодии Қурайш- ро таҳаммул кард ва дар моҳи Рамазони соли даҳуми беъсат аз дунё чашм пӯшид. Расули Худо (с) ӯро дар Ҷаҳун яке аз манотиқи шаҳри Макка дар қабристони Абӯтолиб канори қабрҳои Абдуманоф, Абдулмуталлиб ба хок супорид. Дар ҳамин сол ва замон буд, ки амӯи фидокори Расули Худо(с) Абӯтолиб ҳам аз дунё рафт. Аз даст додани ҳомиёни отифӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Расули Худо (с) хеле сахт буд, ба ҳадде ки он солро соли андӯҳ –Омулҳузн- номид.
Ҳазрати уммулмӯъминин Хадиҷаи Кубро (Саломи Худо бар ӯ бод) фазилатҳои беназир ва бисёре дорад, ки бо тавфиқи Худои меҳрубон дар бахшҳои баъд баён хоҳад шуд.
Ҷойгоҳи волои Уммулмуъминин Хадиҷа(р) назди Расули Худо(с). Расули Худо(с) фармуданд: Аз занони дунё Марям духтари Имрон, Хадиҷа духтари Хувайлид, Фотима духтари Муҳаммад(с) ва Осия духтари Музоҳимҳамсари Фиръавн барои шумо кофӣ аст. Аз расули Худо(с) хитоб ба занонаш нақл шудааст, ки ҳазрат фармуданд: Ба Худо қасам Хадиҷа ба ман ҳангоме имон овард, ки дигарон манро кофир медонистанд ва замоне ки дигарон маро тарк карда буданд, паноҳам дод ва молашро ба ман бахшид ва ман онро дар роҳи Худо сарф кардам ва Худованд аз тариқи ӯ ба ман фарзанд дод, дар ҳоле ки аз ҳеҷ кадоми шумо соҳиби фарзанд нашудам.
Сунани Тирмизӣ, 5/367.