Рӯзе Паёмбари Худо (с) бо асҳоби худ нишаста буданд. Паёмбар ҷавони нерумандеро дид, ки аввали субҳ машғули кор ва талош мебошад.
Баъзе аз ҳозирон гуфтанд: Ин шоистаи тамҷид ва ситоиш буд, агар неруи ҷавонии худро дар роҳи Худо ба кор меандохт.
Расули Худо (с) фармуд: Чунин нагӯед, агар ин ҷавон кор мекунад то ниёзмандиҳои худро таъмин кунад ва аз дигарон бениёз гардад, дар роҳи Худо қадам бардошта ва ҳамчунин агар ба нафъи падар ва модари нотавон ва кӯдакони хурдсолаш кор кунад ва онҳоро аз мардум бениёз созад, боз ҳам дар роҳи Худо қадам бардоштааст.