Рӯзе рӯзгоре шаҳре ба номи Бобил байни ду рӯдхонаи Даҷла ва Фурот аз шаҳрҳои бузург ва сарсабзи он рӯзгор буд. Атрофи шаҳр боғҳои сарсабзе буд, ки мардум дар ин боғҳо кор мекарданд ва рӯзгори хушеро сипарӣ менамуданд. Дар шаҳри Бобил подшоҳе ба номи Намруд ҳукумат мекард. Ӯ маъбади бузург ва бисёр боҳашамат сохта буд ва маҳалли ибодати мардуми Бобил буд. Мардуми шаҳр муҷассамаҳое аз санг ва чӯб сохта буданд ва дар ин маъбад бузург мегузоштанд ва баъд ҳам ҳар рӯз барои ибодат ва парастиши ин муҷассамаҳо ба ин маъбад меомаданд ва дар муқобили ин муҷассама зону мезаданд ва саҷда мекарданд.
Дар он шаҳри бузург, ки тамоми мардум барои ибодат ба маъбад мерафтанд танҳо Иброҳим буд, ки ҳеҷ гоҳ барои парастиши ин бутҳо пой дар он маъбад намегузошт. Ӯ, ки ҷавони 13 сола буд ба Худованди бузург ва ягона имон дошт ва фақат Худоро ибодат ва ситоиш мекард то ин ки Худованд ӯро ба мақоми нубувват барангехт ва ба ӯ фармон дод то мардумро ба парастиши Худои ягона даъват кунад ва аз ибодати муҷассамаҳо боздорад.
Ҳар гоҳ Иброҳим аз канори ин маъбад мегузашт ва мардумро дар ҳоли саҷда ба ин муҷассамаҳо медид, ки машғули гиря ва сухан гуфтан ва кӯмак хостан аз ин муҷассамаҳо ҳастанд аз онҳо мепурсид: Оё ин муҷассамаҳо метавонанд ҷавоби шуморо бидиҳанд ва бо шумо ҳарф бизананд ё ба шумо хайр ва фоидае бирасонанд?
Онҳо мегуфтанд: Не, наметавонанд. Иброҳим ба онҳо мегуфт: Чаро чизеро мепарастед, ки наметавонад бо шумо сухан бигӯяд ва ё сухани шуморо бишнавад? Ва онҳо сокит мешуданд ва дар фикр фурӯ мерафтанд онгоҳ мегуфтанд: Чун падарони мо инҳоро мепарастанд мо низ аз онҳо пайравӣ мекунем. Иброҳим мегуфт: Падаронатон низ иштибоҳ мекарданд ва дар гумроҳӣ будаанд.
Рӯзҳо ба ин сурат мегузашт ва боз ҳам Иброҳим мардумро роҳнамоӣ мекард, аммо мардум ба даъвати ӯ аҳамият намедоданд. Шояд суханони ӯро намефаҳмиданд ва ё бовар намекарданд. Ин буд, ки Иброҳим тасмим гирифт нақшае бикашад то мардум хатои худро бифаҳманд ва суханони ӯро бовар кунанд.
Ӯ мехост, ки мардум бифаҳманд, ки аз ин муҷассамаҳо ҳеҷ коре барнамеояд. Ӯ фикр мекард. Роҳе барои ҳалли ин мушкил пайдо кард. Ӯ ба дунболи фурсате мегашт то нақшаашро иҷро кунад.
Рӯзи ҷашн фаро расид. Мардум барои ҷашн ба беруни шаҳр мерафтанд. Онҳо аз Иброҳим ҳам даъват карданд, ки бо онҳо ба ҷашн биравад. Иброҳим гуфт: Ҳоли ман хуб нест.
Вақте ҳама аз шаҳр берун рафта буданд, табаре бардошт ва ба маъбад рафт ва тамоми бутҳоро шикаст. Он гоҳ табарро дар канори бути бузург гузошт. Мардум, ки аз барпоии ҷашн бисёр хушҳол ва шод буданд, хабаре аз кори Иброҳим надоштанд. Вақте ба шаҳр бозгаштанд диданд, ки дари маъбад боз аст ва тамоми бутҳо шикаста шуда ва фақат бути бузург солим аст ва табаре рӯи дӯши он аст. Бисёр ҳайратзада ва нороҳат шуданд ва бо худ гуфтанд: Фақат Иброҳим дар шаҳр будааст.
Хабари шикаста шудани бутҳо дар шаҳр печид ва ба Намруд подшоҳи Бобил расид. Бузургони шаҳр ҷамъ шуданд ва ба назди Намруд рафтанд. Яке аз онҳо гуфт: Субҳ, ки ба беруни шаҳр мерафтем фақат Иброҳим буд, ки гуфт: Беморам ва дар шаҳр монд. Ҳатман кори Иброҳим будааст, чун ҳамеша ба мо мегуфт: Чаро ин бутҳои беҷонро мепарастед.
Ӯ душмани бутҳо буд.
Сарусадои мардум баланд шуд. Намруд дастур то Иброҳимро ба маъбад биёваранд ва далели корашро бигӯяд. Вақте Иброҳимро оварданд Намруд аз ӯ пурсид: Оё ту худоёни моро шикастӣ?
Иброҳим гуфт: Табар бар дӯши бути бузург аст. Шояд ӯ ин корро карда бошад. Аз ӯ бипурсед?
Идома дорад
Идома дорад