Раиси ноҳия дар як ҷамъомад суханронӣ карда мегӯяд: Ҳамшаҳриёни муҳтарам, имсол нархи орд боло меравад чӣ чорае андешем?
Ҳама хомӯш монданд.Танҳо як муйсафед мехезаду мегуяд: Ба ҷои 8 соат 12 соат кор мекунем.
Раис: Зинда бошед падар! Агар нархи гӯшт боло равад чӣ?
Боз ҳама хомӯш монданд ва ҳамон пирамард хеста ҷавоб медиҳад: Дар ин сурат 12 соат нею 16 соат кор мекунем.
Раис: Баракат ёбед, падар! Бояд ҳамаи мо мисли ҳамин пирамарди хирадманд фикр кунем. Ҳоло агар тамоми маҳсулоти хурокворӣ кимат шавад, чи кор кунем?
Пирамард: Писарам, он гоҳ маҷбур мешавем, ноилоҷ 24 соат машғули кор бошем.
Раис: Бобо, як лаҳза истед! Шумо чӣ кора ҳастед?
Пирамард: Ман қабркан ҳастам, писарам!!!