Ҳазрати Фотимаи Заҳро духтари гиромии ҳазрати Расули Акрам(с) ва ҳамсари ҳазрати Алии Муртазо(к) дар бистуми ҷимодиссонии соли панҷуми беъсат дар шаҳри Маккаи Муаззама ба дунё омад ва дар соли 11 ҳиҷрӣ чанд моҳ баъд аз реҳлати Расули Акрам(с) ба дидори Худо рафт. Ин бонуи бузургвор ҷойгоҳ ва фазилатҳои фаровоне дар Қуръон ва баёну сираи Набавӣ дорад, ки саҳобаи киром бо он ошно ва муътариф буданд. Яке аз онҳо ҳазрати Оиша(р) аст, ки аз наздик бо ҷойгоҳ ва шахсияти ҳазрати Фотимаи Заҳро(р) ошност. Лозим аст, ки ҳамаи мардону занони мусулмон бо ин шахсияти беназири хилқат ошно шаванд ва аз зиндагӣ ва шахсияти волои ӯ дарс ва сармашқ бигиранд.
Ҷумайъ ибни Умайр гӯяд: "Ҳамроҳи аммаам назди Оиша рафтем.
Ҷумайъ ибни Умайр гӯяд: "Ҳамроҳи аммаам назди Оиша рафтем.
Аз ӯ пурсида шуд: Аз миёни мардум чӣ касе назди Расули Худо маҳбубтар аст?
Гуфт: Фотима.
Пас гуфта шуд: Аз миёни мардҳо чӣ касе?
Посух дод: Шавҳараш. То онҷо, ки ман медонам рӯзҳо рӯзадор ва шабҳо ба ибодат қиём дошт."
عَنْ جُمَيْعِ بْنِ عُمَيْرٍ التَّيْمِيِّ قَالَ: دَخَلْتُ مَعَ عَمَّتِي عَلَى عَائِشَةَ
فَسُئِلَتْ: أَيُّ النَّاسِ كَانَ أَحَبَّ إِلَى رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَ سَلَّمَ؟
قَالَتْ: فَاطِمَةُ.
فَقِيلَ: مِنْ الرِّجَالِ؟
قَالَتْ: زَوْجُهَا؛ إِنْ كَانَ مَا عَلِمْتُ صَوَّامًا قَوَّامًا
Сунани Тирмизӣ, ҷ. 5, саҳ. 513