چاپ

Номи мубораки он ҳазрат Фотима аст. Падари гиромияш ҳазрати Муҳаммади Мустафо Расули Худо(с) ва модари арҷмандаш ҳазрати Уммулмӯъминин Хадиҷаи Кубро(рз) мебошад. Ҳамсари шери Худо ҳазрати Алии Муртазо ва модари имом Ҳасани Муҷтабо ва имом Ҳусейн шаҳиди дашти Карбало аст. Дар 20 Ҷимодиссонии соли панҷуми беъсат дар шаҳри Маккаи Муаззама ба дунё омад ва дар соли 11 ҳиҷрӣ дар шаҳри Мадина бо дарду ранҷи фаровон дори фониро видоъ гуфт.
Фотима дар луғат ба маънои буридашуда ва ҷудошуда аст. Иллати ин номгузорӣ он аст, ки Расули Худо(с) фармуд: Пайравони Фотима ба сабаби ӯ аз оташи дӯзах буридашуда, ҷудошуда ва барканоранд.
Барои эшон лақабҳо ва сифатҳои зиёде монанди Заҳро, Сиддиқа, Тоҳира, Муборака, Мутаҳҳара, Батул, Розия, Марзия, Муҳаддаса ва Закия низ зикр шудааст.
Заҳро ба маънои дурахшанда аст. Ҳазрати Ҷаъфари Содиқ (рз) фармуд: "Чун духтари Паёмбар(с) дар меҳроби намозаш (ба ибодат) меистод нураш барои аҳли осмон медурахшид, ҳамонтавр ки нури ситорагон барои аҳли замин медурахшанд."
Сиддиқа ба маънии касе аст, ки ба ҷуз ростӣ чизе аз ӯ содир намешавад.
Тоҳира, Мутаҳҳара ва Закия ба маънои пок ва покизашуда аст.
Муборака ба маънои бо хайру баракат аст.
Батул ба маънои барида ва дӯр аз нопокист.
Розия ба маънои розӣ ба қазо ва қадари илоҳӣ ва Марзия яъне мавриди ризояти илоҳӣ аст.
Муҳаддаса ба маънои касе аст, ки фаришта бо ӯ сухан гуфтааст.
Салому салавоти Худо бар ҳазрати Фотимаи Заҳро духтари баруманди ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) бод! Умедворем ҳамаи мо аз дӯстдорон ва пайравони ростини ҳазрати Фотимаи Заҳро бошем. Мардону занони мусулмон бояд дар зиндагии худ аз худобоварӣ, худомеҳварӣ ва ҳақиқатталабӣ ва пойбандии ҳазрат ба суннату сираи Расули Худо(с) ва дифоу пайравӣ аз ҷонишинони ростини ҳазрати Расули Худо(с) ва ҳаёву покдоманӣ сармашқ бигиранд ва аз баракати вуҷуди он ҳазрати дар дунё ва охират баҳраманд бошанд.
بازدید: 2195