Замоне ки имом Хумайнӣ писари ҳаштсолаамро медид ба ӯ мегуфт: Намозатро хондӣ?
Ман мегуфтам: Ҳазрат, ӯ ҳанӯз ба синни таклиф нарасидааст.
Имом Хумайнӣ мегуфт: Бачаҳо пеш аз расидан ба синни таклиф бояд рӯ ба намоз биистанд то одат кунанд.
Аммо баъд аз синни таклиф магар касе ҷуръат дошт, ки бедор бошад ва намозашро нахонад!
Имом Хумайнӣ наметавонист тоқат кунад, ки мукаллаф намозашро қазо кунад. Албатта барои бачаҳо пеш наёмада буд.
Ҳар вақт бачаҳоро медид мепурсид: Намозатро хондаӣ?
Агар нахонда буданд имом худаш ҷонамозро ба онҳо медод ва мегуфт: Бирав вузу бигир ва биё намозатро бихон!
Ва баъд аз намоз онҳоро насиҳат мекард, ки фарзандам, агар ҳамин намозро сари вақт мехондӣ чӣ қадар беҳтар буд ва Худоро хушнуд мекардӣ.
Фотимаи Таботабоӣ, келини имом Хумайнӣ, Бардоштҳое аз сираи имом Хумайнӣ, ҷ.3, саҳ.70