Наздикони дарбори шоҳи паҳлавӣ чӣ миқдор пул аз Эрон бурданд?
Ризохон ва фарзандаш Муҳаммадризо шоҳон ва хонадони салтанати паҳлавӣ ва дарбориёни он дар муддати 53 сол ҳукумати худ (1304-1357ҳ.ш. – 1926-1979м) илова бар вобастагиҳои тамом ба кишварҳои бегона ва ғарбӣ ба зулму ғорати мардуми Эрон пардохтанд ва бо пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Эрон дар феврали 1979 миллиардҳо долларро ба берун бурданд, ки таърихнигорон ва муҳаққиқони ғарбӣ онро дар китобҳои худ баён кардаанд.
Доктор «Ярвонд Абраҳамян» таърихнигори барҷастаи арманӣ-амрикаӣ дар ҳавзаи Эрон дар китоби маъруфи худ «Эрон байни ду инқилоб» мегӯяд, ки Муҳаммадризо (шоҳи Эрон) ва дигар аъзои хонадони паҳлавӣ бо истифода аз равишҳои гуногун монанди таъсиси “Бунёди Паҳлавӣ”, ба сарватандӯзӣ барои худ пардохтанд.
«Ризохон» ба қадре аз амволи мардуми Эрон тасарруф кард, ки сарватмандтарин марди Эрон шуд.
Абраҳамян дар бораи фасоди давлати «Ризохон» дар давраи аввали салтанати паҳлавиҳо ва дастдарозиҳое, ки ба амволи умумии мардуми Эрон дошт, менависад: «Ризошоҳ, писари як заминдори кӯчак ва сарҳанги собиқ, ки дар соли 1921 мелодӣ (1300 шамсӣ) бо як маоши маъмулӣ мезист, ба қадре сарват ҷамъ кард, ки баъдҳо тавонист ба унвони сарватмандтарин марди Эрон шинохта шавад. Дар зиндагиномае, ки ахиран дар ғарб чоп шуда, эътироф мешавад, ки Ризошоҳ баъд аз сарнагунӣ, барои ворисонаш чизе ҳудуди 3 миллион фонтстрелинг (пули Англис) дар ҳисобҳои банкӣ ва ҳудуди 3 миллион гектар мулк ва замин ба ҷо гузошт.
Гузориши сафоратхонаи Биритония дар Теҳрон дар соли 1932м. (1311ҳ.ш.) нишон медиҳад, ки Ризошоҳ алоқаи бешармона ва шуме ба замин дошт ва ҳатто барои тасарруф он, соҳибони (замин)-ро ба зиндон меондохт то замоне, ки розӣ шаванд амлоки худро бифурӯшанд... Дарбор низ ба як маҷмӯаи сарватманди низомӣ-заминдорӣ табдил шуд, ки манасабҳо, хадамот ва ҷоҳои пурманфиатеро ба касоне, ки мехостанд дар хидмати хонадони паҳлавӣ бошанд, медод».
Вай дар идома ба таъсиси «Бунёди Паҳлавӣ» дар салтанати паҳлавии дувум ишора карда ва тавзеҳ медиҳад: «Дар даҳаи 1950 мелодӣ (1330 шамсӣ) Муҳаммадризошоҳ, Бунёди Паҳлавиро таъсис кард, ки тақрибан ба тамоми ҷанбаҳои иқтисоди ин кишвар нуфуз дошт... Манбаи ниҳоии сарват (-и паҳлавиҳо) низ ҳамин бунёди машҳури паҳлавӣ буд. Тибқи гузоришоти банкдорҳои ғарбӣ, ин бунёд солона маблағе беш аз 40 миллион доллар дарёфт карда ва ба унвони махфигоҳи молиётӣ барои бархе ширкатҳои паҳлавӣ буд, ки бо такя бар он дар тамоми завоёи иқтисоди кишвар нуфуз кард».
Дар ин китоб зимни ишора ба мақолаи рӯзномаи «Ню-йорк Таймз» дар он замон дар бораи Бунёди Паҳлавӣ, омадааст: «Ба навиштаи Ню-йорк Таймз, дар паси зоҳири фаъолиятҳои хайрия, ин бунёд ба се ҳадаф ба кор мерафт: ба унвони манбае аз даромад барои хонадони салтанатӣ, ба унвони абзоре барои фишор ва нуфуз дар бахшҳои муҳимми иқтисод ва ба унвони маҳалли додани подош ба ҳомиён ва тарафдорони режим ва салтанат.
Ҳамчунин тибқи гузориши як журнали вобаста ба вазорати дифои Амрико (Петагон) дар соли 1977м. (1356ҳ.ш.) миқёси густурдаи фасод (-и паҳлавӣ) ба нуқтаи авҷи худ расид... ҳатто баровардҳои муҳофизакорона нишон медод, ки он фасод [-и идорӣ] шомили ҳадди ақал як миллиард доллар мобайни солҳои 1973 то 1976 мешуд. Ба илова, барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии режими паҳлавӣ боиси афзоиши нобаробариҳои маҳаллӣ шуд».
Вақте 177 нафар аз режими паҳлавӣ, 2 миллиард доллар сарвати Эронро ба тороҷ бурданд.
Ин устоди донишгоҳи амрикаӣ ҳамчунин дар бора амволи ба ғоратрафта тавассути наздикони Муҳаммадризои Паҳлавӣ ва дарбори салтанатӣ бо истинод ба омори Банки марказӣ дар оғозин рӯзҳои Инқилоби Исломӣ менависад: «Банки марказии Эрон листеро аз 177 нафар аз ашхоси барҷаста (-и режими паҳлавӣ) мунташир кард, ки ҷамъан ҳудуди 2 миллиард долларро ба хориҷ аз ин кишвар мунтақил карда буданд.
Манбаъ
ervand abrahamian. iran between two revolutions, princeton university press, 1982, 9780691101347
Бознависӣ аз Форс