Ёдам ҳаст ман хурдсол будам. Рӯзе пирамарде барои боғчаи манзили мо хок овард. Мо сари дастархон нишаста будем, ки он пирамард омад.
Имом Хумайнӣ гуфт: Ин пирамард ғизои нисфирӯзӣ нахӯрдааст.
Хӯроки мо зиёд набуд. Баъд имом зарфе аз дастархон гирифтанд ва худаш чан қошуқ аз хӯрокашро дар он рехт ва ба мо гуфт: Биёед ҳар кадом чанд қошуқ хуроки худро дар ин зарф бирезед то андозаи як нафар шавад.
Мо он рӯз бо вуҷуди он ки хӯроки зиёдӣ надоштем бо ин кор хӯроки он пирамардро омода кардем. Дар олами бачагӣ аз ин кор бениҳоят хушҳол шудам.
Фаридаи Мустафавӣ духтари дувуми имом Хумайнӣ, Бардоштҳое аз сираи имом Хумайнӣ, ҷ.2, саҳ.182