Рӯзи 12 Баҳмани 1357 ҳиҷрии шамсӣ (1/02/1979) вақте ҳавопаймои имом Хумайнӣ аз Париж омад ва дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон нишаст оятуллоҳ Писандида бародари бузурги имом ба истиқболи ишон ба даруни ҳавопаймо рафт. Имом бар асоси рӯҳияе, ки дошт ба бародари худ гуфт, ки шумо пешопеши ман аз ҳавопаймо фароед, чун ҳеҷ гоҳ пештар аз бародари бузургашон роҳ намерафт. Аз тарафи дигар ба далели ҳассосияти сиёсии фаромадани имом оятуллоҳ Писандида ҳам наметавонистанд, ки пештар аз имом фароянд. Имом Хумайнӣ пешниҳод кард, ки "Пас шумо пештар аз ман фароед, вагарна ман аз шумо пешӣ нахоҳам гирифт.
Бардоштҳое аз сираи имом Хумайнӣ, ҷ.3, саҳ.251