Хонум Хадиҷаи Сақафӣ мегӯяд: Ман аз ишон (имом Хумайнӣ) хеле розӣ ҳастам. Ҳамеша маро эҳтиром мекарданд. Ҳеҷ вақт бо ман бо тундӣ сухан намекунанд.
Агар либос ва ҳатто чой бихоҳанд мегӯянд: "Мумкин аст бигӯед ба ман фалон либосро бидиҳанд". Ҳатто гоҳе худашон чояшонро мерезанд.
Ҳазрати имом назму диққати беназире дар корҳо доранд. Дар оила мо мисол дорем, ки мегӯем: Бояд соатҳои худро бо ҳаракатҳо ва ибодатҳои имом танзим кунем, чун тамоми корҳои ишон бо барномарезӣ ва бо диққат дар дақиқа ва соат иҷро мешавад.
Вақте бо ҳам издивоҷ кардем ман шонздаҳсола будам – ҳудуди 55 сол пеш издивоҷ кардем – дар он замон имом ҳудуди 27-28 сола буданд. Дар ҳангоми издивоҷ имом ба ман гуфтанд: "Бидон, ман хурофотӣ нестам, вале мехоҳам,ки шумо (фароиз ва) воҷиботро риоят кунед".
Алҳамду лиллоҳ соҳиби 6 фарзанд шудем, ки дар тарбияти онҳо имом ба ман ихтиёроти лозимро дода буданд. (2 писар ва 4 духтар)
Ман ҳангоми издивоҷ то синфи 8 дарс хонда будам ва баъдҳо дар маҳзари имом 8 сол дарси арабӣ ва фиқҳ (масъала) хондам.
Бардоштҳое аз сираи имом Хумайнӣ, ҷ.1, саҳ.72
Дар асари ҳузури миллионии мардуми мусулмони Эрон бар зидди шоҳ ва безорӣ аз ҳукумати меросӣ ва ситамкори шоҳӣ ва талаби барпоии ҳукумати исломӣ рӯзи 16 январи 1979 шоҳи Эрон маҷбур шуд кишварро барои ҳамеша тарк кунад ва бигурезад ва рӯзи 1 феврали 1979 имом Хумайнӣ аз Порис ба Теҳрон баргашт ва 5 миллион нафар аз ӯ истиқбол карданд ва рӯзи 11 феврали 1979 пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон эълон шуд. Аз замони омадани имом Хумайнӣ то эълони пирӯзӣ 10 рӯз гузашт. Дар Эрон ин даҳ рӯзро "Даҳаи Фаҷри Инқилоби Исломии Эрон" меноманд ва ҳар сол ҷашн мегиранд ва онро бузург медоранд. Чиҳил сол аз умри Инқилоби Исломии Эрон мегузарад. 1979-2019