Нақл мекунанд, ки Буҳлул як бор ба кохи халифа даромад. Кафшҳояшро зери бағал гузошт ва ҷои халифа нишаст. Кормандони халифа бо латукуб ӯро хезонданд ва гуфтанд: Беадаб, ҷои халифа ва ҳоким нишастаӣ!
Буҳлул зор-зор гиря кард. Вақте халифа даромад гуфт: Чаро гиря мекунӣ?
Буҳлул гуфт: Ман даҳ дақиқа дуздакӣ ва бе иҷозат рӯи ҷои шумо нишастам. Маъмурони ту маро латукуб карданд. Ту умре аст, ки дуздона, ноҳақ ва беиҷозат ҷои раҳбари шоистаи илоҳӣ нишастаӣ.